Jump to content

Тухмҷангак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тухмҷангак, тухмшиканӣ - дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон кӯдакон ва наврасон хона ба хона мегарданд ва соҳибхона ба онҳо ҳамчун туҳфаи идона тухм ҳадя мекунанд ва онҳо баъди ин анъанашон дар маркази деҳа ѐ маҳали истиқоматашон ҷамъ омада, тухмҳои гирифтаашонро «ҷанг» меандозанд. Яъне ду тухмро сар ба сар монда якеаш мезанад , агар тухми кадомаш, ки шикаст ҳамон шахс мағлуб дониста шуда, тухмашро медиҳад. Дар Вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисор фаъол аст [1][2]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 62
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)