Иди Қурбон
| |
Навъ | Исломӣ |
Номи расмӣ | Иду-л-азҳо |
Аҳамият | поёни маросими Ҳаҷ |
Таҷлил | Мусулмонон |
Аз | 10 зулҳиҷҷа |
То | 13 зулҳиҷҷа |
Сана | 10 зулҳиҷҷа[d] |
Ҷашнгирӣ | Масҷид |
Маросим | Намози Иди Қурбон, қурбонӣ кардан |
Марбут ба | Ҳаҷ, таърихи паёбар Иброҳим (ъ) |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Иди Қурбон, иди Азҳо (ар. عيد الأضحى) — яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳама сола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон барои итъоми дармондагон ва икроми мардуми идгузор анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд ва он ҳамон иди Азҳо дар забони араб бошад. Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.
- Ҳумоюну муборак бод иди рӯзадоронаш,
- Чу иди рӯзадоронаш муборак бод қурбонаш! (Амир Муиззӣ)
Иди Қурбон руйдоди азими таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Маросими ҳаҷ ба рӯзҳои иди Қурбон рост меояд ва қидмати таърихии иди Қурбон ба айёми зиндагонии Иброҳими паёмбар (а) ва фарзандаш Исмоил (ъ) бармегардад. Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати ислом аз хонадони Иброҳим (ъ) ба ёдгор мондаанд.
Яке аз озмоишҳои Худованд аз Иброҳим (ъ) забҳ ва қурбонӣ кардани фарзандаш Исмоил дар роҳи Худо буд. Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб дид, ки фарзанди худ Исмомилро забҳ мекунад. ӯ яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Исмоил ба ӯ гуфт: «Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!» [1].
Иброҳим (ъ) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задҳгоҳ дар сарзамини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Иброҳим (ъ) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.
Иброҳим (ъ) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим (ъ) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд. Ва ҳамин ки Иброҳим (ъ) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: «Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!» [2] ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: «Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем».
Мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат тақсим мекунанд. Ба таври умум ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.
Иди Қурбон дар ривоёти шаръӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нусус ва ривоёти шаръӣ дар бораи ин ки оё ҳодисаи забҳи Исмоил дар он дергоҳи таърих дар рӯзҳои иди Қурбон ва айёми баргузории маносики ҳаҷ ба вуқӯъ пайваста ё дар замони дигаре аз авқоти сол, чизе бо сароҳат наёмадааст, гарчи аз ишороти зимнӣ дар омӯзаҳои шаръ мувофақати замонии вуқӯи ҳодисаи забҳи Исмоил ба рӯзҳои иди Қурбон бармеояд. Вале он чи дар шаръ собит ва муқаррар аст, ин аст, ки қурбонӣ заруратан бояд дар рӯзҳои иди Қурбон анҷом гирад.
Аз назари таърихӣ таърихи вуқӯи ин рӯйдод, яъне аввалин қурбонӣ дар рӯзҳои иди Қурбон ба таври дақиқ муайян нагардидааст. Тибқи фармудаи мураттибони Фарҳанги Лорус, Иброҳим (ъ) ва хонадонаш ҳудуди солҳои 1800 қ. м. аз сарзамини Байнаннаҳрайн ба Канъон рафт. Бар ин асос, ҳодисаи сукунати ниме аз хонадони Иброҳим – Ҳоҷар ва Исмоил дар сарзамини Макка ва ҳодисаи забҳ – қурбонӣ кардани вай каме баъдтар аз солҳои 1800 қ. м. ба вуқӯъ омадааст[3]. Вале ба гуфтаи муаррихи муосири араб Маҳмуд Шокир, ин ҳодиса ҳудудан 3800 сол пеш аз ҳиҷрати паёмбар (с), яъне ҳудуди солҳои 3200 қ. м. сурат гирифтааст [4]
Ба ҳар ҳол, Қуръон ва ривоятҳои ҳадис онро ба ҳайси як ҳодисаи азим ва яке аз озмоишҳои сахте дар ҳаёти Иброҳим (а) зикр намуда ва маҷмӯаи ёздаҳоятае 100 – 111 дар сураи Соффот ба баёни ин ҳодисаи таърихӣ пардохтааст: «(Иброҳим дуо кард ва) гуфт: Парвардигоро, бароям аз солеҳон ато фармо! Он гоҳ ӯро ба писари ҳалим (боақл)-е башорат додем. Ҳангоме ӯ дар канораш ба синни саъй расид, гуфт: писарам, дар хоб дидам, ки туро забҳ менамоям, бубин, то дар ин бора чӣ меандешӣ!? (Исмоил) гуфт: Ба ончи амр шудаӣ, онро анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ, маро аз собирон хоҳӣ ёфт. Вақте таслим шуданд ва ӯро ба рӯй хобонд, ӯро нидо додем, ки: Эй Иброҳим, хоби худро дар амал анҷом додӣ (ва) Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин озмоиши ошкоре буд ва ӯро бо қурбонии бузурге фидо намудем ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем. Пас салом бар Иброҳим (ва Мо) некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. ӯ воқеан ҳам, аз бандагони муъмини Мо буд».[5].
Исмоил (ъ) бо сабр бар озмоиши забҳ дар айёми иди Қурбон дар шумори бандагони баргузида ва собири Худованд шомил гардид ва номи некаш то абад боқӣ монд. Қуръони карим мефармояд: «Ва дар китоб Исмоилро ба ёд овар, ки содиқваъда ва паёмбари баргузида буд»[6].
Таҷлил ва шукӯҳи мардумии иди Қурбон дар миёни миллатҳои мусалмон, бахусус мардуми мусалмони кишварамон, аз он азамат ва ҷашнҳои идонае, ки дар иди рамазон доир ва мушоҳида мегарданд, фарқе намекунад, балки ба сабаби зиёдтар будани айёми баргузории он тароват ва истишмоми накаҳоти раҳмату баракоти илоҳӣ дар чеҳраи мусалмонон бештар эҳсос мешавад. Ҳар шодбош, ибораҳои табрикот, ҷашну хурсандие, ки дар иди рамазон дар байни мардум маъмул буд, дар иди Қурбон низ ба ҷой оварда мешаванд, танҳои ин ки ба ҷои калима ва ибораи иди рамазон вожаи иди Қурбонро мегузоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдушарифи Боқизода, Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ, Душанбе — 2017