Туҳфамо Низомова
Низомова Туҳфамо Давлатовна | |
Таърихи таваллуд | 11 январ 1949 (75 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Мастчоҳ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодчӣ |
Ҷойҳои кор | Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод (2007) |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи Давлати Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (1966-1970) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Медал «Барои хидмати шоиста» (2006) |
Низомова Туҳфамо Давлатовна (11 январи 1949,деҳаи Мадрушкат, ноҳияи Масчо) — иқтисодшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ (2007), профессор (2014).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Низамова Туҳфамо Давлатовна, 11 январи соли 1949 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Масчо, дар оилаи хидматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1970 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо баҳои аъло хатм намуда. Солҳои 1970—1973 ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодиёти саноат ба кор шурӯъ намудааст. Соли 1973—1976 аспиранти рӯзонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин буд. Пас аз хатми аспирантура то соли 1980 дар ҳамин кафедра фаъолияти худро давом додааст. Соли 1980 то 1991 ба Институти илми-тадқиқотии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузашта, дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими илмӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 то кунун дар кафедраи Иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент, мудири кафедра ва профессори кафедра фаъолият намуда ва инчунин дар як вақт дар Донишкадаи такмили ихтисоси ДМТ барои омӯзгорон аз фанни Микроиқтисодиёт дарс мехонад. Соли 1972 дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов М. В., соли 1994 мувофиқи барномаи Бонки ҷаҳонӣ аввал дар шаҳри Тошканд, баъдан дар шаҳри Вашингтони ИМА ва солҳои 1996—1997 мувофиқи барномаи ТАСИС-и Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Голвеи Ирландия такмили ихтисос намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1988 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Самаранокии азнавсозӣ ва азнавтаҷҳизонии корхонаҳои саноати хуроквории комплекси агросаноатии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии профессор Смышляева Л. М. ҷамъбаст намуда, рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст. Соли 2007 бошад, рисолаи докториро дар мавзӯи «Таҷдиди сохтории корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ» ҳимоя намудааст. Фаъолияти илмии ӯ ба масоили азнавсозии корхонаҳои саноатӣ, таҷдиди сохтории корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ оиданд. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон масъалаҳои таҷдиди сохтории корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро, ки дар давраи шуравӣ сохта шудаанд ва чи тавр дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ мутобиқгардонии онҳоро таҳқиқ намудааст. Тавсияҳои илмии ӯро оид ба таҷдиди сохтории корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва Кумитаи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ қабул намудаанд. Ӯ дар Шӯроҳои диссертатсионии ДМТ доир ба ихтисоси «Иқтисодиёти минтақа» ва ихтисоси «Иқтисодиёт» аъзо ва дар Шӯрои диссертатсионии дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз руи ихтисосҳои «Иқтисодиёти хидматрасонӣ» ва «Иқтисодиёти меҳнат» ҷонишини раиси Шӯро мебошад. Инчунин ӯ ҳамчун коршинос барои баҳодиҳии лоиҳаҳои соҳаи иқтисодиёт дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Маҳз дар заминаи ин тадқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии ӯ 4 нафар унвонҷӯён (Қодиров Ф. А., Уроқова М. Д., Ҳакимов Ҳ., Каҷкулоев А. Ф.) оид ба илмҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар (Пулодова И. Р.) рисолаи докториро омода намуда ҳимоя намудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Профессор Низомова Туҳфамо Давлатовна, муаллифи бештар аз 114 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 монография, 15 китоби дарсиву васоити таълимӣ, зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, ки дар маҷаллаҳои дар рӯйхати Комиссияи олии атестатсионӣ номнавис шудаанд ба чоп расонидааст. Масалан, китобҳои вай — "Реструктуризация промышленных предприятий переходной экономики (Монография). Душанбе, 2005; Приватизация и реструктуризация предприятий: теория и практика (Монография). Душанбе, 2006; «Иқтисоди корхона». Китоби дарсӣ. (дар ҳаммуаллифӣ) Душанбе, 2015; «Ташкили истеҳсолот дар корхона». Китоби дарсӣ. Душанбе, 2012; «Микроиқтисодиёт». Китоби дарсӣ. Душанбе. 2010; Луғат аз фанни «Микроиқтисодиёт», 2001 бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва ғайра ба нашр расидаанд, ки ин аз дастовардҳои муҳими илмию методиро соҳиб будани ин олими тоҷик дарак медиҳад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Реструктуризация промышленных предприятий переходной экономики (Монография). Низамова Т. Д. — Душанбе: «Ирфон». — 2005. — 170 с.
- Приватизация и реструктуризация предприятий: теория и практика (Монография). Низамова Т. Д. — Душанбе: «Ирфон». — 2006. — 109 с.
- Иқтисоди хурд. Китоби дарсӣ.Низомова Т. Д. — Душанбе, 2001. — 244 с.
- Иқтисоди корхона. Китоби дарсӣ. / Комилов С.Ҷ., Низомова Т. Д. — Душанбе, 2001. — 236 с.
- Микроиқтисодиёт. Китоби дарсӣ. Душанбе: Олами китоб, Низомова Т. Д. 2010. − 384 с.
- Ташкили истеҳсолот дар корхона. Китоби дарсӣ. Низомова Т. Д. — Душанбе: «Бебок». — 2012. — 236 с.)
- Иқтисоди корхона. Китоби дарсӣ. / Комилов С.Ҷ., Давлатзод У. Низомова Т. Д. — Душанбе, 2015. — 640 с.
- Микроиқтисодиёт. Васоити таълимӣ барои шунавандагони такмили ихтисос, равияи иқтисодӣ ва тахассусӣ. Низомова Т. Д. — Душанбе, 2016. −360 с.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997)
- Медал «Барои хидмати шоиста» (2006)