Тӯйчӣ Абдуфаттоев
![]() |
Тӯйчӣ Абдуфаттоев | |
---|---|
Тӯйчӣ Абдуфаттоев | |
Зодгоҳ: | ноҳияи Мастчоҳ |
Тӯйчӣ Абдуфаттоев (тав. 17. 9. 1954, деҳаи Чолотаи ноҳ. Мастчоҳ) — табиб, ҷарроҳи кӯдакон, доктори илмҳои тиб (1998), профессор (2000). Узви ҳақиқии Ассотсиатсияи байналмилалии ҷарроҳон – гепатологҳо (аз 1997), узви хадамоти Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдакони Федератсияи Россия (аз 2004).
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи факултети педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1977). Интерни шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакони Беморхонаи клиникии Хуҷанд (1977 – 1978), ҷарроҳи кӯдакон ва мудири шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакони беморхонаи марказии ноҳ. Мастчоҳ (1978 – 1986), аспиранти кафедраи ҷарроҳии кӯдакони Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1986 – 1989), мудири шӯъбаи бемориҳои қафаси синаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3 (1989 – 1994). Аз соли 1994 мудири кафедраи ҷарроҳӣ, анестезиология ва реаниматологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ[вироиш]
Бо ташаббуси Абдуфаттоев дар клиника усулҳои нави ҷарроҳии шуш, сурхрӯда, ҷигар ва роҳҳои талхадон, ҷарроҳии тармимӣ бо техникаи микрохирургӣ дар амал татбиқ карда шудааст. Муаллифи 210 мақолаи илмӣ, 46 пешниҳоди беҳсозӣ ва 10 пешниҳоди методӣ мебошад. Таҳти роҳбарии Абдуфаттоев 2 нафар рисолаи докторӣ ва 15 нафар рисолаи номзадии илмро дифоъ намудаанд.
Осор[вироиш]
- Оризаҳои нефролитиаз дар кӯдакон, Д., 1998;
- Проблемаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ, Д., 2001; Ҳуқуқи кӯдак барои муолиҷаи ҷарроҳӣ ва проблемаҳои актуалии ҷарроҳии кӯдакон, иншоршиносӣ ва тахдиромӯзӣ, Д., 2004;
- Проблемаи перитонит дар кӯдакон, Х., 2006.[1]
Сарчашма[вироиш]
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012- с. ?
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2020.
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои ятим
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Мастчоҳ
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Табибони Тоҷикистон
- Пизишкони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
- Дар ноҳияи Мастчоҳ таваллудшудагон