Тӯс (дарахт)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Тӯс
Betula pendula 001.jpg
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Betula L., 1753

Ареал

тасвир

Тӯс, ғон (лот. Bétula) — як ҷинси бутта ва дарахтони хазонрез.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ[вироиш]

Пӯстлохаш сафед, зард, гулобӣ ва сиёҳтоб. Дар Тоҷикистон 14 намуди тӯс мерӯяд: B. tianschanica, B. korscinskyi, B. Saposhnikovii, B. murgabica ва ғайра. Хусусан дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри Якум, Ванҷ, Язгулом, Рушон ва Шуғнон (1100 – 3500 м аз с. б.) бисёр астӯс тӯс растании рӯшноидӯст ва сармобардор астӯс Онро аз тухм ва қаламча зиёд мекунанд. Зиёда аз 100 – 150 сол умр мебинад.

Аҳамият ва корбурдҳо[вироиш]

Тӯс барои мустаҳкам намудани соҳилҳои дарё, канал аҳамияти калон дорад. Солҳои охир дар натиҷаи муносибати беандешонаи аҳолӣ тӯсзорҳои як замонҳо ободу хуррами ҷумҳурӣ сирак ва кам шудаанд. Дар Тоҷикистон буридану дар хоҷагиҳо истифода бурдани тӯс қатъиян манъ астӯс

Корбурди пизишкӣ[вироиш]

Муғҷа ва барги тӯс хусусияти табобатӣ доранд. Дар таркиби муғҷаи он 3,5 – 6% равғани эфир ҳаст, ки чун доруи пешоброн ва буғумдард истифода мешавад.

Хосиятҳои шифоӣ[вироиш]

Тӯс хосияти давоӣ дорад. Нақеъи барг ва муғҷаҳои тӯсро чун воситаи пешоброн, маҳви бактерияҳо ва баҳаморандаи захм, равғани муғҷаҳои онро бошад, барои табобати бемориҳои пӯст кор мефармоянд. Дар Русия аз шохчаҳои нозуки тӯс ҷорӯб баста, онро дар ҳаммом бо мақсади пешгирии бемориҳо ва муолиҷаи амрози банду буғум истифода мекунанд. Бино ба ақидаи табибони халқӣ бӯи тӯс бемории молихулиёро шифо мебахшад; (шира)-и дарахти тӯс, ки моҳҳои март ва апрел гирифта шудааст, хунро тоза мекунад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.