Тӯтӣ
Тӯтӣ | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Psittaciformes Fürbringer, 1888 | ||||||||||||
Семейства | ||||||||||||
|
||||||||||||
Ареал | ||||||||||||
██ Места обитания попугаеобразных |
||||||||||||
|
Тӯтӣ, тӯтиҳо (лот. Psittaciformes) — як навъ парандаи хушрангест.
Мушахассот
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозиашон аз 9,5 см то 1 м. Рангашон сабзи бо сурху кабуд омехта, баъзан сиёҳ ё хокистарӣ; нарина ва модинаашон ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Нӯлашон ғафс, чанголҳояшон пурқувват буда, ангуштони 1 ва 4-умашон ба қафо тоб хӯрдаанд. Аксари тӯтиҳо паррандагони тезпарвозанд; баъзе намудҳояшон (Реzoporus walicus ва Strigops hаdгорtilus) парвоз намекунанд.
Навъҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Тӯтӣ 1 оила (316 намуд) дошта, бештар дар ҳамвориҳо ва баъзан кӯҳҳои субтропикиюо тропикиҳои ҳарду нимкура (дар Америка аз 40° а. ш. то 54° а. ҷ.) паҳн шудаанд. Дар ковокиҳои дарахтон, термитхонаҳо, ҷойҳои кафидаи шахҳо, ҷариҳо ва баъзеашон дар рӯи замин лона сохта, 1—12 (бештар 2—5) тухм мегузоранд, ки баъди 3 ҳафта аз онҳо чӯҷа мебарояд. Ғизояшон мева, тухм ва муғҷаи растаниҳо, баъзан ҳашаротҳо мебошад. Тӯтӣ аз як тараф рустаниҳоро гардолуд ва тухми онҳоро паҳн намуда фоида меоварад ва аз тарафи дигар ба киштзору боғот зарар мерасонанд. Баъзе Тӯтии тақлидкунандаро (масалан, Аgapornis, Тӯтии мавҷдор, жако, какаду ва ғайра) дар қафас нигоҳ медоранд. Тӯтӣ баъзан бемории сироятии пситтакозро, ки барои одам хотарнок аст, паҳн мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Тӯтӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).