Умарбек Султонзода
Умарбек Султонов | |
Таърихи таваллуд | 12 апрел 1936 |
Зодгоҳ | ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 13 ноябр 1996 (60 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Умарбек Султонзода (Умарбек Султонов, тав. 12.04.1936, деҳаи Мадовраи ноҳияи Панҷакент – ваф. 13.11.1996, шаҳри Душанбе), файласуф, номзади илмҳои фалсафа (1970).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1961 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинободро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1961–1996 дар кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ба ҳайси ассистент, муаллими калон ва дотсент фаъолият намудааст. Солҳои 1966–1969 дар аспирантураи АИ ҶТ таҳсил карда буд. Солҳои 1970–1977 дар Шуъбаи фалсафаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст. Солҳои 1977–1996 дар кафедраи фалсафа ва фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Солҳои 1982–1983 дар Афғонистон ба сифати тарҷумон низ ифои вазифа намудааст. Соли 1995 ходими илмии Шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ буд ва ҳамзамон дар кафедраи фалсафаи фарҳанги донишгоҳи омӯзгорӣ ба ҳайси муаллими ҳамкор кор мекард. Муаллифи ду асари илмӣ ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмию оммавӣ мебошад. Таълифотҳои ӯ ба масъалаҳои давлат ва инқилоб, таҳлили ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ахлоқии Ибни Сино бахшида шудаанд. Саҳми ӯ ҳамзамон дар тарбияи кадрҳои варзидаи Афғонистон низ калон аст, зеро ӯ соли 1980 дар Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ҷамъиятшиносии Донишгоҳи ба номи М.Ю. Лермонтови шаҳри Москва барои ҷомеашиносони мактабҳои олии Афғонистон аз фалсафа дарс гуфтааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи китоби В. И. Ленин «Давлат ва инқилоб», Д., 1990; Афкори фалсафию иҷтимоӣ ва ахлоқии Ибни Сино, Д., 1966.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 12 апрел
- Зодагони соли 1936
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Панҷакент
- Даргузаштагони 13 ноябр
- Даргузаштагони соли 1996
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми фалсафа
- Олимон аз рӯи алифбо
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ