Успенская Людмила Владимировна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Успенская Людмила Владимировна
Людмила Владимировна Успенская
Санаи таваллуд:

29 август 1909(1909-08-29)

Зодгоҳ:

Ленинград, Русия, СССР

Санаи марг:

23 октябр 2000(2000-10-23) (91 сол)

Маҳалли марг:

Санкт-Петербург, Русия

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии таъриху забони ш. Ленинград

Людмила Владимировна Успенская (тав. 29.08.1909, ш. Ленинград – ваф. 23.10.2000, ш. Санкт-Петербург), забоншиноси маъруфи тоҷик, профессор (1982), Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1932 шӯъбаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии таъриху забони ш. Ленинградро хатм кардааст. Солҳои 1933–1934 муаллими забони тоҷикӣ дар курсҳои олии стенографии ВЦИК ИҶШС ш. Москва, 1935–1937 тарҷумони адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх», 1938–1942 коркуни калони «Палатаи китоб»-и назди Комиссарияти маорифи Тоҷикистон, 1942–1945 муаллими забони тоҷикии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ва котиби илмии Институти таърих, забон ва адабиёти филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС, 1949–1960 ходими илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон буд. Солҳои 1960–1961 ҳамчун дотсенти кафедраи забони русӣ, 1961–1973 мудири кафедраи методикаи таълими забони русӣ, 1973– 1982 мудири кафедраи забон русии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1982–1991 профессори кафедраи забони русии донишкадаи номбурда буд. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ ва якчанд китобҳои дарсӣ аз забони русӣ мебошад. Ӯ яке аз мураттибони луғати тоҷикӣ-русӣ (М., 1954) мебошад. Оид ба масъалаҳои мухталифи забоншиносии тоҷикӣ ва русӣ корҳои илмӣ бурдааст. Таҳти роҳбарияш аспирантҳо ва унвонҷӯёни зиёде рисолаҳои илмиашонро ҳимоя кардаанд. Барои хизматҳояш бо ордени «Инқилоби Октябр», унвонҳои фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1950), «Ходими Хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» (1956) ва якчанд медалу ифтихорномаҳо сарфароз карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • Каратагский говор в таджикском языке, Д., 1956;
  • Методическое пособие по русскому языку для 4-х классов, по использованию учебника по русскому языку в таджикской школе, Д., 1956;
  • Говоры таджиков Гиссарского района, Д., 1962.

Пайвандҳои беруна[вироиш]