Ёрии Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Устод Ёрии Хонанда)
Ёрии Ҳофиз
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1503(1503)
Пеша(ҳо) сароянда, навозанда
Номи мустаъор Устод Ёрии Хонанда, Гӯянда
Ёрии Ҳофиз

Ёрии Ҳофиз, ё Устод Ёрии Хонанда (? — 1503/07, Ҳирот) — хонанда, навозанда, мусанниф, хаттот ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари сознавозӣ, овозхониро аз овони ҷавонӣ назди падараш омӯхт. Назди Устод Шодӣ ва Ғулом Шодӣ овозхонию навозандагӣ, аз Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз, Хоҷа Юсуфи Бурҳон мусиқии назариро омӯхтааст. Санъати хаттотиро аз Султоналии Машҳадӣ омӯхта, дар хатти настаълиқ, ҳунари муқовасозию ҳалкорӣ аз нафискорони ин анвои ҳунарҳои бадеӣ будааст. Ёрии Ҳофиз дар мусиқӣ бештар шуҳратёр шуда, дар овозхонӣ, махсусан, дар иҷрои қисм, шохаҳои мураккаби мақомҳо («савт», «нақш», «амал») маҳорати баланди иҷроӣ ба харҷ медодааст. Дар шаклу анвои шеърию мусиқии «пешрав», «куллиёт», «қавл», «тарона», «сунбулӣ» ба усулу зарбҳои мақомҳои «Наво», «Рост», «Бузург», «Ушшоқ» таснифоти таркибан мураккаб сохта, махсусан «Куллиёти Ёрӣ» (ба мақомии «Ҳусайнӣ»), «Амали дилошӯб» (ба мақоми «Ушшоқ»), «Кор ба усул» ва ғ. аз ихтирооти ӯст. Ёрии Ҳофиз ба ғазалҳои Ҷомӣ чандин таснифот дар шаклу анвои мусиқии «тарона», «қавл», «амал», «нақш» сохта, асарҳои назиравиаш «Нақши Мавлавӣ», «Нақши ситамкаш» (ба ғаз.али Ҷомӣ) дар ҳаёти мусиқии иҷроии Ҳирот, Самарқанд шуҳрати хоса касб кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 70. — ISBN 978-99947-49-13-3.