Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Устухудус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Устухудус
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Устухудус, астухудус, гули нарма, арвона, лаванда (лот. Lavandula spica) — буттаи ҳамешасабзест аз оилаи лабгулҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Аз 20 то 100 ом қад мекашад, сершох, гулаш бунафш ё бунафшаи кабудтоб.

Устухудуси худрӯй дар кишварҳои баҳри Миёназамин мерӯяд ва онро аввалин маротиба дар ҳамон ноҳияҳо (то мелод) чун растании доруию хушбӯй парвариш кардаанд.

Корбурди пизишкӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абуҳанифаи Динаварӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Абуалии Сино устухудусро чун растании доруӣ ном бурдаанд. Сино ҷӯшоби устухудусро мусаккини дарди банд ва асаб меҳисобид. Шарбаташро барои табобати иллати асаб ва узвҳои пешоб тавсия медод.

Дар «Ҷомеъу-л-фавоид»-и Юсуф ибни Муҳаммад, ки бо номи «Тибби Юсуфӣ» шуҳрат дорад, оид ба давоии шароби устухудус сухан рафтааст.

Шароби устухудус ар хӯрад кас,
Зи ман бишнав ҳадиси бериёро:
Бавосири куҳанро нафъ бахшад,
Барад ҳам иллати моҳулиёро.

Устухудусро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон барои исеҳсоли равғани эфир мепарваранд. Гулаш 1,84 %, хӯшагулаш 1,04 %, баргаш 0,1 % равғани эфир дорад. Равғани эфири устухудус дар атриёт, инчунин тиб (барои табобати ҷароҳат, буғумдард, хушбӯй кардани давоҷот, тайёр намудани марҳамҳо ва ғайра) фаровон истифода мешавад.

Гули устухудус хеле сершаҳд ва асалаш хушбӯю шифобахш аст.

  • Устухудус / М. Ҳоҷиматов // Сақофӣ — Ховалинг. Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).