Jump to content

Фаддей Беллинсгаузен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фаддей Беллинсгаузен
олмонӣ: Fabian Gottlieb Thaddeus von Bellingshausen
Сурат
Таърихи таваллуд 9 (20) сентябр 1778
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 (25) январ 1852[1][2] (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша гардишгар, нақшанигор, ходими низомӣ, seafarer
Ҷоизаҳо
Order of the Bath Order of St. George, 4th class Order of St. Vladimir, 1st class Order of St. Vladimir Order of Saint Alexander Nevsky Order of the White Eagle Order of St. Vladimir, 2nd class Order of Saint Anna, 1st class with imperial crown Order of St. Vladimir, 3rd class Order of Saint Louis
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен (9(20).9. 1978–13(25)1.1852) — баҳрнаварди рус, адмирал (1843). Аз авлоди баронҳои Лифлянд. Хатмкардаи корпуси кадетии баҳрӣ (1797). Солҳои 1803–06 бо киштии «Надежда» таҳти роҳбарии И. Ф. Крузенштерн дар сайёҳати аввалини ҷаҳонии рус иштирок кардааст. Соли 1809 фармондеҳи корвети (киштии ҳарбӣ) Флоти Балтика буд. Соли 1810 дар Баҳри Сиёҳ таҳқиқоти гидрографӣ бурдааст. Солҳои 1819–21 экспедитсияи гирдиҷаҳониро дар киштиҳои «Восток» ва «Мирний», ки ба Антарктида бо мақсади ҳарчи бештар наздик шудан бо қутби Ҷанубӣ ва кашфи ҷаз-ҳои нав равон шуда буд, роҳбарӣ намуд. Соли 1819 дар қисми антарктикии Уқёнуси Атлантик ва Уқёнуси Ором якчанд ҷаз. ва 16 (28) январи 1820 Экспедитсияи баҳрнавардони рус (1819 — 1921) бо роҳбарии Фаддей Фаддеевич Беллинсгаузен ва М. П. Лазарев, ки Антарктидаро кашф намуда, дар бораи мавҷудияти хушкии даруни доираи Қутби Ҷанубӣ маълумоти аввалин дод. Ширкаткунандаи ҷанги Россияю Туркия (1828–1929) буда, дар муҳосира ва ба даст овардани қалъаи Варна корнамоӣ нишон додааст. Соли 1830 сардори дивизияи 2-юми Флоти Балтика, соли 1839 губернатори ҳарбии Кронштадт ва сарфармондеҳи бандари ҳамном буд. Хотираҳои баҳрнавардии худро дар китоби «Таҳқиқи дукарата дар Уқёнуси Яхбастаи Ҷанубӣ ва баҳрпайҶентиле моӣ (шиноварӣ) дар гирди ҷаҳон» (1960) гирд овардааст. Як баҳр дар Антарктида, ҷаз-ҳо дар Уқёнуси Ором ва Атлантика (галаҷазираҳои Туамоту) ба номи Беллинсгаузен гузошта шудаанд. Дар Антарктида 2 пойгоҳи тадқиқоти илмии ИҶШС ба шарафи киштиҳои экспедитсионии Беллинсгаузен ва Лазарев – «Восток» ва «Мирний» номида шудаанд.

  • Иванов С., Голованов К. Ф. Ф. Беллинсгаузен. М., 1952;
  • Болотников Н. Я., Ф. Ф. Беллинсгаузен и М. П. Лазарев // Русские мореплаватели. М., 1953.
  1. Коргуев Н. Беллингсгаузен, Фаддей Фаддеевич (рус.) // Русский биографический словарьСПб.: 1900. — Т. 2. — С. 682—683.
  2. 2.0 2.1 2.2 Беллингсгаузен, Фаддей Фаддеевич (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. АндреевскийСПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. III. — С. 371.
  3. Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
  4. https://www.cpbr.gov.au/biography/bellingshausen-fabius.html
  5. Беллинсгаузен Фаддей Фаддеевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.