Фазлиддин Қодиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фазлиддин Қодиров
Қодиров Фазлиддин Садриддинович
Таърихи таваллуд 31 март 1965(1965-03-31) (59 сол)
Зодгоҳ шаҳри Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент (2010)
Алма-матер Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода
Ҷоизаҳо Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008)

Фазлиддин Қодиров  — омӯзгор, олим, номзади илмҳои педагогӣ (2004), дотсент (2010).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Қодиров Фазлиддин Садриддинович 31 марти 1965 ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи №35-и ноҳияи Панҷакент ба таҳсили миёна фаро гирифта шуда, онро соли 1982 ба итмом расонидааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди шӯравӣ адои хидмат намудааст. Номбурда соли 1985 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо ихтисоси корҳои маданӣ-маърифатӣ дохил шуда, онро соли 1989 бо дипломи аъло хатм намудааст. Фаъолияти кории Қодиров Фазлиддин соли 1989 ба ҳайси мудири шуъбаи корҳои маданӣ-маърифатии Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе оғоз гардидааст. Соли 1990 Фазлиддин Қодиров бо супориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба кор фиристода мешавад. Фаъолияти илмӣ-омӯзгории номбурда дар кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии донишкада шурӯъ мешавад. Қодиров Фазлиддин Садриддинович тӯли фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ дар вазифаҳои пурмасъул кор кардааст. Ӯ солҳои 2006-2008 дар вазифаи мудири кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва туризм, солҳои 2008-2010 ба ҳайси декани факултети такмили ихтисоси кормандони фарҳанг, санъат ва табъу нашри Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода кору фаъолият намудааст. Ӯ аз соли 2010 то соли 2012 ба ҳайси декани факултети туризм ва меҳмондорӣ ва аз соли 2012 то соли 2015 ба ҳайси декани факултети туризм ва хадамоти гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат дифои вазифа намудааст. Номбурда солҳои 2015-2016 дар вазифаи сардори шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ва минбаъд то ҳол ба вазифаи мудири кафедраи туризми ҳамин донишкада кору фаъолият намуда истодааст. Тӯли фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ Қодиров Ф.С. дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати ш. Маскав, (с. 2004) Академияи байналмилалии туризми Русия, (с. 2010) Донишгоҳи туризм ва сервиси Русия (с.2012) коромӯзӣ намудааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1991-1994 имтиҳонҳои номзадиро супорида соли 1994 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маориф (Пажӯҳишгоҳи рушди таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) шомил мешавад. Соли 1997 аспирантураи Пажӯҳишгоҳи мазкурро хатм менамояд. Вобаста ба нооромиҳои ибтидои солҳои 90-ум раванди корҳои таҳқиқотии Қодиров Фазлиддин каме ба таъхир меафтад. Соли 2001 ҷиҳати идомаи корҳои таҳқиқотӣ дар мавзӯъи «Таъсири омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар беҳдошт ва рушди санъати ороишию амалии халқӣ» ба Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Маскави Федератсияи Русия меравад. Рисолаи номзадиро дар мавзӯъи «Таъсири омилҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар беҳдошт ва рушди санъати ороишию амалии халқӣ» дар шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ бо ихтисоси 13.00.05- назария, методика ва ташкили фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ воқеъ дар Донишгоҳи фарҳанг ва санъати шаҳри Маскави Федератсияи Русия соли 2004 ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони илмии номзади илмҳои педагогӣ шарафёб гардидааст. Фаъолиятҳои илмии Қодиров Фазлиддин Садриддинович ба масоили эҳёи ҳунарҳои мардуми ба унвони таркиботи муҳими ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик бахшида шудааст. Номбурда яке аз ташкилотчиёни нахустин Фестивали байналмилалии ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон (1999) буда, бо ин васила дар мавриди ҳолати воқеии амали ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон таҳкиқотҳои арзишманд анҷом дода, роҳу усулҳои минбаъдаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумиро бозгӯ ва пешниҳод намудааст. Соли 2010 бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия сазовори дараҷаи илмии дотсент гардидааст

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Қодиров Фазлиддин муаллифи 2 монография, 5 воситаи таълимӣ, 5 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳунарҳои бадеии мардумӣ омили тарбияи завқи бадеӣ //Монография. Қодиров Ф.С.- ПИТФИ «Адабиёти бачагона», 2014.-144с.
  • Социально-культурные факторы сохранения и развития народного прикладного творчества Таджикистана. Қодиров Ф.С. -Душанбе «Эҷод», 2010.-144с

Китобҳои дарсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Саёҳатшиносӣ (Луғати мухтасари калимаву ибороти маъмули соҳавӣ). Қодиров Ф.С. -Душанбе «Эҷод», 2009 с, 24с.
  • Фаъолияти сайёҳӣ. Қодиров Ф.С.-Душанбе «Эҷод», 2009 с,63 с.(ҳаммуаллиф М. Салимов)
  • Асосҳои туризм.Қодиров Ф.С. -Душанбе, «Ирфон», 2012.-128с.
  • Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихӣ ва табиӣ.Қодиров Ф.С. -Душанбе «Ирфон», 2012.-128с.
  • Хидматраснии нақлиётӣ дар туризм.Қодиров Ф.С. -Душанбе «Ирфон»,2017.-138с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]