Jump to content

Фазл Аҳмад Найнавоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фазл Аҳмад Найнавоз
Таърихи таваллуд 1935
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт августи 1979
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) шоир, овозхон, оҳангсоз
nainawaz.com

Фазл Аҳмади Закариё (форсӣ: فضل احمد زکریا‎) машҳур ба Найнавоз (форсӣ: نینواز‎; 1935, Кобулавгусти 1979, Кобул) — овозхон, шоир, оҳангсоз ва мусиқидони аҳли Афғонистон. Вай холиқи мондагортарин осори мусиқии Афғонистон аст[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Найнавоз дар соли 1935 дар маҳаллаи Якатути Кобул ба дунё омад. Вай писар Файзмуҳаммадхони Закариё вазири маориф ва вазири хориҷаи даврон шоҳӣ буд. Баъд аз итмоми таҳсил дар донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобул ба ҳайси корманд дар Визорати умури хориҷа ифои вазифа мекард. Пас аз он дар соли 1974 ба истихдоми Визорати иттилоот даромад.

Найнавоз як писар ба номи Амирхусрав ва як духтар ба номи Саҳар дорад, ки дар соли 1985 бо Эҳсони Амон овозхони аҳли Афғонистон издивоҷ кардааст[2].

Найнавоз оҳангҳои мондагоре барои ҳунармандони машҳур Афғонистон мисли Аҳмад Зоҳир, Абдурраҳим Сорбон, Маҳваш, Ҳасиб Дилнавоз ва дигарон сохта, ки то ҳол пуршунвандатарин оҳангҳои Афғонистони мебошанд. Метавон гуфт, ки шуҳрат ҷаҳонии ин ҳунармандон мадюни истеъдоди беназири Найнавоз аст.

Осори мондагор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оҳангҳои сохтаи Найнавоз[3]:

  • Ман Найнавозам
  • Борон шавам
  • Бишинав аз най
  • Хуршеди ман куҷоӣ
  • Соқиё маро дарёб

Устод Найнавоз шогирдоне чун Ғуломсахӣ Ҳасиб машҳур ба Дилнавоз, Акбар Ромиш, Аҳмад Валӣ, Ҳангома, Салмо Ҷаҳонӣ, Симо Тарона ва ғайра дошта, ки ҳаркадом ба навбати худ шуҳрати фаровоне касб кардаанд.

Найнавоз баъд аз кудетои 7 саври 1357 ва ҳоким шудани режими вобаста ба русҳо, вай ба Созмони раҳоии Афғонистон пайваст ва дар қиёми Болоҳисори Кобл дар 14 асади 1358 ширкат ҷуст. Найнавоз аз ҷумлаи садҳо равшанфикри озодихоҳи Афғонистон буд, ки ба василаи давлати вақт дастгир ва нопадид шуданд. Ба эҳтимоли қави дар зиндони Пулчархӣ дар каноир ҳазорон муборизи дигар тирборон гардидааст[4].

  1. peoplepill.com. Nainawaz: Afghan singer | Biography, Facts, Information, Career, Wiki, Life(англ.). peoplepill.com. 7 июни 2023 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  2. Who is who in Afghanistan?. www.afghan-bios.info. 7 июни 2023 санҷида шуд.
  3. Songs, Orange County, CA(англ.). Nainawaz. 7 июни 2023 санҷида шуд.
  4. همرزم. «نینواز» هنرمند متعهدی که به اسارت نه گفت و ایستاده جان داد(форсӣ). www.hambastagi.org. 7 июни 2023 санҷида шуд.