Файзуллоҷон Сафаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Файзуллоҷон Сафаров
Сафаров Файзуллоҷон Гурезович
Сафаров Ф.Г.jpg
Таърихи таваллуд: 16 июл 1986(1986-07-16) (36 сол)
Зодгоҳ: ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: барномасозӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишгоҳи нави Русия (2009)
Роҳбари илмӣ: Усмонов Зафар Ҷӯраевич

Файзуллоҷон Сафаров (Сафаров Файзуллоҷон Гурезович; 16 июли 1986, ҶШС Тоҷикистон) — барномасоз, омӯзгор, номзади илми техникӣ[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Файзуллоҷон Сафаров 16 июли соли 1986 дар хонадони тоҷик ба дунё омадааст[2]. Соли 2009 факултети кибернетикаи Донишгоҳи нави Русияро (РосНОУ) хатм намуда, дар соҳаи маориф аз соли 2010 фаъолият дорад.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаи мутахассиси пешбари технологияҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Технологияҳои иттилоотии компютерии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон фаъолият намудааст.

Соли 2016 аспирантураи Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии шаҳри Маскавро хатм карда, бо дифои рисолаи илмӣ соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ (it) аст.

Солҳои 2018—2022 мутахассиси пешбари факултаи физикаи Донишгиҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2022 ба ҳайси дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва автоматонии Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСИС» дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад[3].

Файзуллоҷон Сафаров дар соли 2022 ҷустуҷӯгари миллии «Dodaho»-ро сохт, ки як аналоги ҷусутҷӯгарҳои маъруф, аммо вежагиҳои хос аст[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сведения об образовательной организации. df.misis.ru. 24 январи 2023 санҷида шуд.
  2. Хуршед ХОВАРӢ. Файзуллоҷон Сафаров: “Мо таърих месозем ва “Dodaho” оғози ин таърих хоҳад буд”. javonon.tj. Ҷавонони Тоҷикистон (27 январи 2023). 1 феврали 2023 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 Национальную поисковую систему создали в Таджикистане(рус.). МИР 24. 24 январи 2023 санҷида шуд.