Файзулло Абдуллозода
Файзулло Абдуллоев | |
|---|---|
| Абдуллоев Файзулло | |
| 1990 — 1993 | |
|
Муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
| 2000 — 2004 | |
|
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
| 1996 — 2000 | |
|
Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
| 1995 — 1996 | |
|
Раиси Суди иқтисодии ИДМ
|
|
| 2008 — 2011 | |
|
Судяи Суди ЕврАзЭС
|
|
| аз 1 январи 2012 | |
|
|
|
| Таваллуд |
30 октябри 1946 |
| Даргузашт |
29 сентябри 2026 (79 сол) Душанбе, Тоҷикистон |
| Фарзандон | Зебонисо Абдуллозода |
| Таҳсилот | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1973) |
| Ҷоизаҳо |
|
| Вебгоҳ | sudsng.org/about/preside… |
Файзулло Абдуллоев (30 октябри 1946, совхози Кангурт, ноҳияи Совет — 29 сентябри 2026, Душанбе) — ҳуқуқшинос, арбоби давлатӣ ва судии тоҷик. Вазири адлияи Тоҷикистон (1990—1993), Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995—1996), Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996—2000), Раиси Суди иқтисодии ИДМ (2008—2011). Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мушовири давлатии адлия дараҷаи якум.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Файзулло Абдуллоев 30 октябри соли 1946 дар совхози Кангурти ноҳияи Совет (ҳозира ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон) ба дунё омадааст.
Соли 1973 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро соли 1974 ҳамчун коромӯз дар Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон оғоз намудааст[1].
Фаъолияти меҳнатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1974—1976 — коромӯзи Вазорати адлияи ҶШС Тоҷикистон;
- 1976—1977 — судяи халқии ноҳияи Восеъ;
- 1977—1980 — муовини раиси Суди вилояти Кӯлоб;
- 1980—1987 — раиси Суди халқии шаҳри Кӯлоб;
- 1987—1990 — муовини раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон;
- 1990—1993 — вазири адлияи ҶШС Тоҷикистон / Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1993—1994 — мутахассиси пешбари Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1994—1995 — президенти ширкати ҳуқуқии «Мадад»;
- 1995 — мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо Парлумон ва масъалаҳои ҳуқуқӣ;
- 1995—1996 — раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 1996—2000 — раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2000—2004 — муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2004—2008 — судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ);
- 2008—2011 — раиси Суди иқтисодии ИДМ;
- Аз 1 январи соли 2012 — судяи Суди Иттиҳоди иқтисодии Евро-Осиё (ЕврАзЭС)[1].
Ҷоизаҳо ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II (28 августи 2006);
- Ифтихорномаи Суди иқтисодии ИДМ (22 июни 2007);
- Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мушовири давлатии адлия дараҷаи якум[1].
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Духтараш — Зебонисо Абдуллозода, ҳуқуқшинос, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз январи соли 2025)[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 3 4 Файзулло Абдуллозода – нахустин вазири адлияи Тоҷикистон даргузашт(тоҷ.). Pressa.tj (29 сентябри 2026). 6 октябри 2026 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маълумот дар сомонаи Вазорати адлияи ҶТ Бойгонӣ шудааст 1 октябри 2022 сол.
- Зодагони 30 октябр
- Зодагони соли 1946
- Зодагони вилояти Хатлон
- Даргузаштагони 29 сентябр
- Даргузаштагони соли 2026
- Шахсоне, ки камтар аз як сол пеш вафот карданд
- Дорандагони ордени Исмоили Сомонӣ
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- Зодагони ноҳияи Темурмалик
- Хатмкардагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Вазирони адлияи Тоҷикистон
- Судяҳои Тоҷикистон
- Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон