Jump to content

Файз Ҷорӯбов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Файз Ҷорӯбов
Таърихи таваллуд 7 май 1907(1907-05-07)
Зодгоҳ деҳаи Вазнавд, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ
Таърихи даргузашт 1991(1991)
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1956)

Файз Ҷорубов (7 майи 1907, деҳаи Вазнавд, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ — 1991, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1956).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мустақилона навохтани асбобҳои мусиқии миллиро аз худ кард ва узви фаъоли дастаи ҳаваскорони санъати ноҳия гардид. Хусусан дар навохтани ғижжак дасти боло дошт. Соли 1951 Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанберо ба охир расонда, дар ҳайати оркестри асбобҳои халқии кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати мутриб ҳунар озмудааст. Аз соли 1960 мудири клуби маркази ноҳияи Рӯшон буд. Сурудҳои мардуми Бадахшонро бо сабку лаҳни хос иҷро менамуд, аз эҷодиёти шоирони классику муосирамон таронаҳои зиёд сароидааст, мутаассифона, аз навоҳояш қариб чизе ба навор наомадааст. «Эй парӣ», «Навои ишқ», «Ёд кунед», «Дило-дил», «Эй кабӯтар», «Тӯй муборак», «Бо мо чаро», «Фаромӯшам макун», «Масти нози Лайло», «Хуш омадӣ», «Холатро банда», «Ёр гулсуманак», «Мутриби хушнаво», «Гул бе рухи ёр» барин таронаҳояш ҳоло аз ҷониби овозхонони маҳаллӣ садо медиҳанд.

Бо се Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.