Факултаи математикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Факултети математика яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1932. Соли 1972 ба ду факултети мустақил – факултети математика ва факултети физика ҷудо шуд.
Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Факултети математика ҳамрадифи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буда, соли 1932 таъсис ёфтааст. Дар соли аввали таъсисёбӣ аз рӯи ихтисоси «математика» ҳамагӣ 12 нафар донишҷӯён таҳсил доштанд, ки аз онҳо 7 нафар соҳиби дипломи омӯзгорӣ гаштанд. Солҳои 1932-1937 вазифаи декани факултет мавҷуд набуд. Ин вазифаро директори донишкада иҷро мекард. Соли 1938 вазифаи декани факултет таъсис ёфт. Якумин декани факултет М. Акрамов (1938-1942) буд. Минбаъд шахсони зерин ин вазифаро иҷро карданд: А. С. Малявин (1943-1944), Т. Ҳ. Ҳомидов (1944-1956), А. М. Қурбонов (1957-1970), Р. Т. Ҳасанов (1970-1992), А. Қодиров (1992-1993), А. Б. Нозимов (1993-1995), А. Рашидов ( 1995-2007), Ё. Дадоҷонов ( 2007-2011). Аз моҳи октябри соли 2011 дотсент К. Бобохонов декани факултет мебошад. Солҳои 1932-1937 кафедраи ягонаи математикаю физика мавҷуд буд. Минбаъд кафедраи мустақили физика ва математика ташкил гардид, ки ҳамагӣ 7 аъзо дошт. Барои таълими силсилаи фанҳои математикӣ то соли 1955 танҳо ҳамин кафедра амал мекард. А. Худойбердиев аввалин мудири кафедра мебошад. Дар солҳои гуногун А.П.Писарев (1934-1938), Х.Азизов (1938-1939), К.С.Карпенко (1940-1944), М.С.Горштейн (1944-1950), А.С.Содиқов (1950-1955) вазифаи мудирии кафедраро ба уҳда доштанд. Соли таҳсили 1955-1956 кафедраи ягонаи математика ба ду кафедра ҷудо шуд: математикаи олӣ ва математикаи элементарӣ. – Кафедраи математикаи олӣ аз соли 1955 то соли 1975 вуҷуд дошт. Дар ин муддат А. С. Содиқов (1955-1962), Р.Т. Ҳасанов (1963-1966), Б.Толбоев (1966-1972), Ш.А.Аҳмадов (1972-1975) мудирии ин кафедраро бар уҳда доштанд. – Кафедраи математикаи элементарӣ аз соли 1955 то соли 1975 фаъолият кардааст. Вазифаи мудирии кафедраро Л.А.Рогов (1955-1956), Х.М.Муҳаммадиев (1957-1970), А.М.Қурбонов (1970-1975) ба иҷро расониданд. Соли 1972 ба ду факултети мустақил – факултети математика ва факултети физика ҷудо шудани факултети физикаю математика боиси таъсиси кафедраҳои нав гардид. Дар он сол кафедраи методикаи таълими математикаю физика ба ду кафедраи мустақил – кафедраи методикаи таълими математика ва математикаи элементарӣ ва кафедраи методикаи таълими физика ҷудо шуданд. Охири соли 1975 кафедраи математикаи олӣ ба ду кафедра ихтисос ёфт: кафедраи анализи математикию назарияи функсияҳо ва кафедраи алгебраю назарияи ададҳо. Ҳамчунин кафедраи нави геометрия таъсис дода шуд. Ҳамин тавр дар факултети математика аз соли 1975 то соли 1991 4 кафедра вуҷуд дошт. Соли 1991 кафедраи информатика ва математикаи ҳисобарор ташкил ёфт. Ба муносибати ба ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров табдил додани донишкада дар факултет соли 1992 боз ду кафедраи нав созмон дода шуд: кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ ва анализи функсионалӣ ва кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ. Минбаъд кафедраи алгебраю назарияи ададҳо ва кафедраи геометрия муттаҳид гардида, номи кафедраи алгебра ва геометрияро гирифт. омузгорони варзидаи факултет
Дастпарварони факулта
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(пайванди дастнорас)