Jump to content

Факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДХБСТ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ тибқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ (№5 аз 30.01.2002) таъсис дода шудааст. Мақсад ва вазифаҳои асосии фаъолияти факултет тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои сиесатшиносӣ, коргузории гумрук ва муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Бо ин мақсад дар факултет шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Дар факултети мазкур аз рӯи ихтисосҳои муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия), иқтисоди ҷаҳонӣ, хадамоти гумрук, сиёсатшиносӣ, минтақашиносӣ фаъолияти таълимӣ ва илмӣ ба роҳ монда шудааст. Факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ аз панҷ кафедра иборат аст: 1. Муносибатҳои байналхалқӣ 2. Иқтисоди ҷаҳонӣ 3. Забонҳои хориҷӣ (англо-арабӣ) тахассусӣ 4. Забони англисӣ 5. Хадамоти гумрук 6. Сиёсатшиносӣ. Дар назди ҳар як кафедра семинарҳои методию назариявӣ, маҳфилҳои донишҷӯён амал мекунанд. Мавҷуд будани лабораторияҳои гумрук, кабинети лингафонӣ барои омӯзиши забони англисӣ, лабораторияи компютерӣ далели мустаҳкам гаштани пояи моддиву техникии факултет маҳсуб меёбад. Ба донишҷӯёни факултет олимони варзидаи соҳа – номзадҳо ва докторони илм, собиқ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони корпусҳои дипломатӣ, хадамоти гумрук, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят таълим медиҳанд. Бо иқдоми ректори донишгоҳ, профессор Каримов О.Қ. таълими ихтисоси нави минтақашиносӣ(пайванди дастнорас) ҷорӣ гардид, ки барои ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ворид шудани донишгоҳу факултет мусоидат мекунад. Дастовардҳои донишҷӯён дар ҷодаи донишандӯзӣ мунтазам қадршиносӣ мегарданд. Моҳи декабри соли 2010 бошад, зиёда аз 20 нафар донишҷӯён барои комёбиҳояшон аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мукофотҳои пулӣ сарфароз карда шуданд. Ҳамчунин ду нафар донишҷӯён дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Соли таҳсили 2010-2011 2 нафар донишҷӯён соҳиби идрорпулии Раиси вилоят гашта, се нафар дар Ҳафтаи худидоракунии вилоят ба ҳайси муовини Раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо фаъолият бурданд. Дастовардҳои варзишӣ низ назаррасанд. Донишҷӯёни мо дар намудҳои варзиши самбо, гӯштини тарзи озод, миллӣ, бокс ва ғайра дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ соҳиби мақомҳои аввал гаштаанд. Дар факултет конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ-назариявӣ, маҳфилҳои илмии донишҷӯён пайваста дар асоси нақша гузаронида мешаванд. Олимони донишгоҳ дар конфронсҳои байналхалқӣ, интернет –конференсияҳо ширкат меварзанд. Маводҳои илмии олимони факултет дар нашрияҳои илмии Русия, Қазоқистон, Қирғизистон дарҷ гардидаанд. Факултет бо муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ робитаи доимӣ дорад. Аз ҷумла бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, мактабҳои олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, дигар ташкилоту муассисаҳои бонуфуз ҳамкории судманд дорад. Факултет ҳамчунин дар соҳаи минтақашиносӣ дар доираи Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай ихтисосмандони бакалавр ва магистрро омода мекунанд. Дар факултет олимони варзида ба монанди докторони илм, профессорон Ризоев Б., Орипов А., номзадҳои илм, дотсентон Акмалова М.А., Бобоҷонов Д., Юсупов М., Сангинова М., Холиқӣ А., Назирова М., Пӯлотова Н. кору фаъолият доранд. Имрӯзҳо як зумра хатмкардагони факултет, аз ҷумла Абдуллоева М., Каримов Р., Шокиров Р., Блиничкина Н., Алиҷонова А. дар факултет ба сифати омӯзгор фаъолият мебаранд. Бештари онҳо бошанд дар ташкилотҳои давлатӣ, байналхалқӣ ва тиҷоратӣ вазифаҳои пурмасъулиятро иҷро карда истодаанд.