Факултети молия ва иқтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Факултети молия ва иқтисодиёти бозор — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1991.
Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]
Факултети молия ва иқтисодиёти бозор бо номи факултети «Иқтисодиёт» таърихи 20 августи соли 1991 бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар он ҳамагӣ як кафедра – кафедраи фанҳои умумииқтисодӣ амал мекард. Барои баланд бардоштани самаранокии ҷараёни таълим, наздик кардани дониши таҷрибавии донишҷӯён бо дониши назариявӣ устодони пуртаҷриба ба монанди докторони илмҳои иқтисодӣ, профессорон Авезов А., Азизов Ф., Бойматов А.,номзадони илмҳои иқтисодӣ, дотсент Бобохонова М., Абдуллоев А., Саидов С. ба кор даъват шуда буданд. Дар давоми фаъолият аз ҳисоби зиёд шудани бахшҳо ва гурӯҳҳои тахассусӣ кафедраҳои тахассусии зерин – «молия ва қарз», «менеҷмент ва соҳибкорӣ», «ташкили истеҳсолот ва хидматрасонӣ», «баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит» таъсис дода шуд. Сарварии факултетро дар солҳои гуногун доктори илмҳои и. профессор Орипов Абдуллоҷон ва дотсент Маҷидов Абдунасим ба уҳдаи худ доштанд. Дар айни ҳол факултет дар таҳти роҳбарии декан, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҳимов А. М. фаъолият мебарад. Теъдоди донишҷӯён дар шуъбаи ғоибона ва рӯзонаи факултет сол аз сол афзуда истодааст ва дар давоми 2-3 соли охир ба 1200 нафар расид. Ташкили раванди таълимро зиёда аз 40-нафар устодони пуртаҷриба ба уҳда доранд.
Дар факулта 4 кафедра амал мекунанд:
- Кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ ва ташкили бозор
- Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит.
- Кафедраи менеҷмент ва соҳибкорӣ.
- Кафедраи молия, таҳлил ва омор
Дастпарварони факулта[вироиш | вироиши манбаъ]
![]() |
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров(пайванди дастнорас)