Фанҳои техникӣ
Фанҳои техникӣ — маҷмӯи илмҳоест, ки ҳодисаҳои муҳимро, аз нуқтаи назари рушди техника ва худи техникаро меомӯзанд. Аз ҳунарҳои халқи пайдо гаштааст. Дар рушди он муҳандисони қадим ба мисли Архимед, Ҳерон, Папп, Витрувий ва Леонардо да Винчи ҳиссаи калон гузоштаанд. Яке аз аввалин фанҳои техникӣ механика буд. Бо рушди тези саноат зарурияти ташхиси илмии техника ва фановари пайдо шуд. Аввалин донишкадаи техникӣ мактаби политихникии Гаспар Монж аст, ки он соли 1974 ташкил ёфтааст. Дар асри XIX электротехника пайдо шуд, дар асри XX — радиотехника, кайҳонавардӣ, робототехника ва ҳоказо пайдо шуданд.
Хусусиятҳои фанҳои техникӣ[вироиш]
То асри XIX одамият танҳо ду намуди илмро медонист - фанҳои табии ва фанҳои гуманитариро. Фанҳои техникӣ байни онҳо ҷойгир аст, зеро, ки техника маҳсулоти рӯҳии инсонӣ буда, дар табиат вуҷуд надорад, вале новобаста аз ин, ба ҳамаи қонунҳои табиат, мисли чизҳои табии, итоат менамояд. Як намуди табиати сунъи барои инсон аст, ки одам дар он қонунҳои худро ҷорӣ менамояд.
Хусусиятҳои фанҳои техникӣ дар он аст, ки онҳо ҳамин қонунҳои табиати сунъиро ва вобастагии онҳоро бо қонунҳои табии ташхис менамоянд. Ғайр аз ин, дониши техникӣ метавонад аз объекти тадқиқот маҳрум бошад, зеро, ки онро бояд аввал сохт.
Мисолҳои фанҳои техникӣ[вироиш]
- Меъморӣ (англ. Civil and Environmental Engineering)
- Биотехнология (англ. Biological Engineering)
- Информатика (англ. Computer Science)
- Киштисозӣ (англ. Ocean Engineering)
- Кайҳоннавардӣ (англ. Astronautics)
- Масолеҳшиносӣ (англ. Materials Science and Engineering)
- Механика (англ. Mechanical Engineering)
- Машиностроение (англ. Machine Engineering)
- Системотехника (англ. Engineering Systems)
- Технолгияи кимиёвӣ (англ. Chemical Engineering)
- Электротехника (англ. Electrical Engineering)
- Энергетикаи ҳастаи (англ. Nuclear Science and Engineering)
Усулҳо[вироиш]
Усули асосии фанҳои техникӣ ин тарҳсозии математикӣ ва тарҳсозии компутарӣ ҳангоми банақшагири ва ё амалӣ кардани сохтаҳои гуногун.
Боз нигаред[вироиш]
Шаблон:Қисми роҳбалад Шаблон:Роҳбалад чадвали2
![]() |
Ин мақолаи хурд оиди илм аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |