Фарангис Шарифзода
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1970 (52 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Фарангис Шарифзода (Шарипова Фарангис Худоиевна; зод. 10 октябри 1970, Душанбе) — омӯзгор, забоншинос, номзади илмҳои филология.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Фарангис Шарипова хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1992) ва аспирантураи ҳамин донишгоҳ (2001). Аз соли 2001 муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз феврали соли 2006 сардори департаменти забони англисии Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ. Аз сентябри соли 2006 сардори департаменти филологияи тоҷик ва журналистикаи ҳамин донишгоҳ. Аз августи соли 2007 проректори аввал оид ба корҳои таълими Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон.
Аз октябри соли 2009 дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2010 докторанти кафедраи мазкур.
Аз 13 июли соли 2022 директори Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ таъйин шудааст[1].
Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]
Муаллифи мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, ки дар китобу маҷаллаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо чоп шудаанд[2].
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
- "Хусусиятҳои вожагонии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ. — Душанбе: Ирфон, 2011. — 140 с.;
- Муқаддима ва баргардони китоби «Забони паҳлавӣ». — Душанбе, 2011. — 140 с.;
- Назарияи сохтори ҷумла. — Душанбе, 2013. — 220 с.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин намудани Шарифзода Ф. Х.. www.prezident.tj. 13 июли 2022 санҷида шуд.
- ↑ Кафедраи таърихи забон ва типология, Шарипова Фарангис Худоиевна(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.