Jump to content

Фаррух Солиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фаррух Солиев
Фаррух Шодиевич Солиев
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1944(1944-11-07) (79 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Техникуми тиббии Душанбе
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои тиб
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Фаррух Шодиевич Солиев (7.11.1944, ш. Самарқанд) — пизишк, омӯзгор, олим. Номзади илмҳои тиб (1980). Дорандаи Ҷоизаи олимони ҷавони АИ Тоҷикистон (1980),

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаррух Солиев факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст. (1969). Лабор. каф. патанатомияи ИТТ (1967-69), коромӯз, тадқ. ход. хурди илмии шуъбаи морф. Ин.-ути тадқ. илмии гастроэнтрология (1969-77). Асп. Ин.-ути тадқ. илмии ғизои Акад. илмҳои тиббии СССР (1977-80), ход. калони илмӣ, и. в. муд. шуъбаи морф. Ин.-ути гастроэнтрологияи Ваз. нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон (1980-1982). Дар СССР бори аввал исбот кард, ки ҷигари шахси бемор – гиахини машрубот – унсури зардранги бо заррабини электронӣ дидашавандаро дорост. Муал. калон (1982-1984), дотсенти каф. анатомия ва физиологияи мӯътадил ва варзиши Ин.-ути тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1984-1995). Муаллифи беш аз 30 асару мақолаи илмӣ доир ба соҳаи тиб. Дар аӣни замон пизишки варзишгарони Қасри варзиши «Тоҷикистон», нозири саломатии ҳайати мунтахаби варзишгарони ҶТ ва ҳамзамон омӯзгори каф. анатомия ва физиологияи Техникуми тиббии Душанбе (1995-2001). Бо Грам. Фахрии давл. ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6