Фаррух Ҳасанов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 20 июл 1998 (26 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон |
Фаррух Ҳасанов (Фаррух Ҳасанзода; зод. 20 июл 1998, Душанбе) — овозхони тоҷик, барандаи озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и шабакаи «Россия-1» (2023)[1]. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2023).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаррух Ҳасанов 20 июли соли 1998 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ ҳамчун овозхон нахустин маротиба дар пайи роҳ ёфтанаш ба финали озмуни «Central Asia’s Got Talent» муаррифӣ шуда, маъруф гардид[2].
Фаррух Ҳасанов дар мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биё, ҳама бо ҳам!»)-и шабакаи телевизионии «Россия-1»-и Федератсияи Русия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза ва 5 000 000 рубли русӣ гардид.
Ба ҳунари волои сарояндагии Фаррух овозхонҳои машҳури Русия, аз ҷумла Филипп Киркоров, Николай Басков, Сергей Лазарев ва дигарон баҳои баланд доданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фаррух Хасанов – победитель 5 сезона «Ну-ка, все вместе!»(рус.). www.kp.ru. 6 Декабри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Рустами Эмомалӣ ба ғолиби озмуни телевизионии Русия — «Биёед, ҳама якҷоя!» Фаррух Ҳасанов калиди хонаи 3-ҳуҷрагӣ тақдим намуданд — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 6 Декабри 2023 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)