Jump to content

Central Asia’s Got Talent

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Central Asia’s Got Talent
Central Asia’s Got Talent
Жанр намоиш-маҳорат
Муаллиф(он) Саймон Коуэлл
Директор(он) Серик Акишев
Ровӣ
  • Қамар Луқмонов
  • Еркебулан Мирзобек
  • Беҳруз Насриддинов
  • Эркин Рисқулбеков
  • Тимур Алиев
Кишвар
Забон русӣ
Доварон
Шумораи фаслҳо 2
Истеҳсол
Макони наворгирӣ
Давомнокӣ 60-120
Пахши телевизионӣ
Телешабака(ҳо)
Давраи пахш аз 15 сентябр 2019 то ҳол
Хронология
Барномаҳои монанд
Пайвандҳо
@centralasiagottalent

Central Asia’s Got Talent (тоҷикӣ: Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд) — шоу-барномаи телевизионии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон (аз соли 2021).

Ин барнома ба мисли барномаҳои Got Talent буда, махсус барои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ сохта шудааст. Дар он шахсони тамоми синну сол ҳунару маҳорати худро нишон медиҳанд. Бисёртар дар ин барнома ҳунарҳои овозхонӣ, рақс, фокус ва ғайраҳоро нишон медиҳанд. Барнома аз 5 марҳила — кастинг, интихобӣ, чорякфинал, нимфинал ва гранд-финал иборат мебошад. Дар марҳилаи нимфиналӣ 3 нафарӣ интихоб карда мешаванд, ки дар марҳилаи Гранд-финал ғолибони умумии барнома аз ҳар як мамлакати аъзо яктоӣ ва як ғолиби асосӣ аз тарафи бинандагон интихоб карда мешаванд. Мукофоти ғолибони умумӣ дар мавсими якум барои ҳар яке аз чор кишвар 80 ҳазор сомонӣ ва мукофоти ғолиби асосӣ 260 ҳазор сомонӣ мебошад[1].

Мавсими 1 (2019)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Даври интихобии озмуни Central Asia’s Got Talent дар Тоҷикистон, рӯзи 5 июн дар Душанбе, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба кори худ оғоз кард. Довталабон на танҳо аз шаҳри Душанбе балки аз дигар манотиқи Тоҷикистон низ ба озмун омадаанд.

Ҳамин гуна дар се мамлакати аъзои дигар моҳи июни соли 2019 ба қабули довталабон оғоз намуданд, ки зиёда аз 10 000 нафар ба кастинг омаданд. Беҳтаринҳо аз чор кишвари Осиёи Марказӣ — Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон рӯзҳои 8-9 июл дар Қазоқистон дар даври ниҳоӣ байни ҳам рақобат карданд. Мавсими нахустини Central Asia’s Got Talent дар шабакаҳои телевизионии «Хабар» (Қазоқистон), Zo’r TV (Узбекистон), КТРК (Қирғизистон) ва ТВ Сафина (Тоҷикистон) намоиш дода шудааст. Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ шуданд. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин аз Қазоқистон, Ситора Фармонова аз Ӯзбакистон, Гулнур Сатилганова аз Қирғизистон ва Аловуддин Абдуллоев аз Тоҷикистон буданд.

22 декабр марҳилаи охири мавсими якуми лоиҳа ба анҷом расид, ки ғолибони умумӣ Галимжан Ауесбай аз Қазоқистон, Ансамбли «Падида» аз Тоҷикистон, Далер Шавқатов аз Ӯзбакистон ва Айжан Нусувалиева аз Қирғизистон ва ғолиби асосӣ Чоршанбе Аловатов гардиданд[2][3].

Мавсим Нахустнамоиш Финал Ғолиб Ғолибони умумӣ Кишвар Ровиён Ҳакамон
1 22 декабри 2019 11 апрели 2019 Чоршанбе Аловатов[4][5]
  • Галимжан Ауесбай
  • Ансамбли «Падида»
  • Далер Шавқатов
  • Айжан Нусувалиева[2][3].

Мавсими 2 (2021)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мавсими 2-юми барнома, иштирокчиёни Озарбойҷон низ ҳамроҳ шуданд. Барнома дар ҳар панҷ кишвари иштирокчӣ гузаронида шуд.

  • Аловуддин Абдуллоев (Тоҷикистон) ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамо, ҳаҷвнигор, ҳунарпешаи шоиста ва халқии Тоҷикистон. Ӯ инчунин бо нақшҳояш дар барномаи ҳазлии «Шӯхиҳои Аловуддин» ба ҳама сокинони Тоҷикистон маълум аст.
  • Нурлан Абдуллин (Қазоқистон) овозхони маъруфи поп, барандаи телевизион ва соҳибкор. Соли 2007 ба ӯ унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Қазоқистон» дода шуд. Ӯ муаллифи бисёр сурудҳо ва инчунин сарпарасти чунин овозхонҳо ба монанди Асилбек Енсепов, Ринат Гайсин, гурӯҳи JCS ва дигарон мебошад.
  • Гулнур Сатилганова (Қирғизистон) овозхони машҳур, Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Қирғизистон. Ӯро инчунин «Примадоннаи эстрадаи Қирғизистон» ва «Маликаи саҳнаи қирғиз» ном мебаранд. Ӯ лауреати бисёр озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ мебошад.
  • Ситора Фармонова (Ӯзбекистон) ҳунарпешаи синамо, сароянда ва ҳаҷвнигор. Ӯ барои нақшҳои ҳаҷвияш шуҳрат пайдо кардааст. Аввалин ҳунарпешаи ӯзбек, ки дар филмҳои коргардонҳои аврупоӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Ӯ инчунин узви дастаи маҳфили зарифони «Азия Микс» мебошад, ки қаҳрамони Лигаи олӣ — 2016[6].