Jump to content

Фарҳод Низомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фарҳод Низомов
Фарҳод Низомов
Таърихи таваллуд 1948(1948)
Зодгоҳ Панҷакент ҶШС Ӯзбекистон
Пеша(ҳо) мусиқишинос

Фарҳод Низомов – мусиқишинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (2008), бо медали «Хидмати шоиста» (1998), аз соли 1991 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фарҳод Низомов соли 1948 таваллуд шудааст. Дар шуъбаи назариявӣ-композитории Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе дарси композитсияро назди Цветаев Михаил, Г.Александров ва Миратулло Атоев меомӯзад. Баъди хатми ин таълимгоҳ (1968), таҳсилро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аз рӯи ихтисоси мусиқишиносӣ (ғоибона) идома дода, донишкадаро соли 1980 ба итмом мерасонад. Аз соли 1968 дар мактаби бачагонаи мусиқӣ, аз соли 1986 то 1996 мудири шуъбаи фарҳанги комиҷроияи шаҳри Панҷакент, аз соли 1996 то имрӯз ба ҳайси директори осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи А.Рӯдакӣ кор мекунад. Ф. Низомов асарҳо барои фортепиано, труба, виолончел, скрипка, флейта, сюита барои оркестри созӣ навиштааст. Дар ҳамкорӣ (ҳаммуалифӣ) бо М.Атоев ду сюитаи хореографии «Қиссаи ҳафткӯли Шинг» ва «Дурдонаҳои Панҷакент»-ро навиштааст. Рағбатҳои мусиқишиносии Ф.Низомов ба таҳқиқи фолклори маросимии водии Зарафшон, тоҷикони Самарқанду Қашқадарё равона карда шудааст, ки хусусиятҳои худро дар асарҳои «Свадебные песни таджиков», «Свадебный фольклор и творчество таджикских композиторов» таҷассум намудаанд.[1]

  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - С. 147- 152