Фасеҳи Хофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фасеҳи Хофӣ
Таърихи таваллуд: 28 сентябр 1375
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1442
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: муаррих

Фасеҳи Хофӣ (форсӣ: فصیح خوافی‎), Аҳмад ибни Ҷалолуддин Муҳаммад (форсӣ: احمد بن جلال‌الدین محمد‎; 28 сентябр 1375, Хоф, устони Хуросони Разавӣ1442, Ҳирот) — таърихнигор, тазкиранигор ва шоири форс-тоҷик, муаллифи «Муҷмали Фасеҳӣ».

Эвод[вироиш | вироиши манбаъ]

Фасеҳии Xофӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Абёти парокандаи ӯ дар тазкираҳо ва дар асари таърихиаш «Муҷмали Фасеҳӣ» (таълифаш 1446/47) дарҷ гардидаанд.

«Муҷмали Фасеҳӣ» таърихномаест иборат аз муқаддима, ду мақола ва хотима. Дар муқаддима таърихи олам аз давраи хилқати Одам то замони Муҳаммад, инчунин таърихи чаҳор хонадони Эрони Қадим — Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён — Мулукуттавоиф, Сосониён баён шудааст. Дар мақолаи аввал аз валодати пайғамбар то ҳиҷрати ӯ ба Мадина сухан меравад. Мақолаи сонӣ муфассалтарин қисми китоб буда, вақоеи аз ибтидои санаи ҳиҷрӣ то 845 (мутобиқи 1441/42 мелодӣ) рӯйдодаро дар бар мегирад. Ин асар ба забони содда ва равон навишта шудааст

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фасеҳии Хофӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).