Фатҳиддин Усмонзода
Фатҳиддин Усмонзода Бадриддин | |
Таърихи таваллуд | 18 апрел 1975 (49 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Нуробод, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм (2007) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Фатҳиддин Усмонзода (зод. 18 апрели соли 1975, ноҳияи Нуробод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгор, ходими ҷамъиятиву давлатӣ, номзади илмҳои иқтисод. Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин 18 апрели соли 1975 дар ноҳияи Нурободи таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро аз рӯи ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ бо дипломи аъло хатм кардааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.
Кор ва собиқа
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1999-2007 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси ассисент, муаллими калон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Менеҷменти истеҳсолот” фаъолият намуд. Cоли 2007 сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гашт ва то соли 2011 дар ин вазифа фаъолият намуд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди тағйир ёфтани сохтори вазорат такроран аз соли 2014 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин вазифа то соли 2020 фаъолият намуд.
Аз 13 январи соли 2020 инҷониб ба ҳайси Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фатҳиддин Усмонзода рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Дастгирии давлатӣ ва танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар бахши истеҳсоли саноатӣ (дар мисоли сиёсати андоз)» 5 июли соли 2007 ҳимоя намуда, ба дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ мушарраф гардидааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи 3 монография ва зиёда аз 40 дастуру мақолаҳои илмӣ мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Аълочии маорифи Тоҷикистон»
- Мукофоти «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Донишномаи Донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI»