Фатҳобод
Намуди зоҳирӣ
| Деҳаи Фатҳобод | |
|---|---|
| Кишвар | Тоҷикистон |
| Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
| Ноҳия | Файзобод |
| Ҷамоат | Деҳоти Мискинобод |
| Аҳолӣ | 2926 нафар (2010), тоҷикон |
| Хоҷагӣ | 328 |
Фатҳобод — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 29 км. Аҳолиаш 2926 нафар (2010), тоҷикон. Аз 328 хоҷагӣ иборат аст. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ гардидааст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 6 мағоза, 2 чойхонаи ҷамъиятӣ ва масҷиди ҷомеъ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ ва дарёи Харкуш обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.