Jump to content

Фахриддин Мирзоаҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фахриддин Мирзоаҳмадов
Фахриддин Мирзоаҳмадов
Таърихи таваллуд 2 сентябр 1948(1948-09-02) (76 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ашт, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Фазои илмӣ техника
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Фахриддин Мирзоаҳмадов (02.09.1948, деҳаи Хиштхонаи н. Ашт), доктори илми техникӣ (1992), профессор (1993).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи (1970) факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин аст, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистенти кафедраи математикаи амалӣ ва ҳисоббарорӣ кор карда, солҳои 1974-1980 аспирант ва ходими илмии Институти кибернетикаи иқтисодии Университети давлатии шаҳри Киев, 1983-1987 дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1987-1988 сардори шуъбаи илму нашри Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон, 1989-1992 докторанти Институти кибернетикаи АИ Украина, 1993-1994 профессори кафедраи математикаи амалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1995-1997 профессори кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, 1998-2004 мутахассиси Маркази идораи лоиҳаи қарзи Вазорати маорифи Тоҷикистон буд. Солҳои 2004-2013 мудирии кафедраи кибернетикаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро ба зимма дошт. Ковиши илмиаш асосан ба кибернетикаи иқтисодии назариявию амалӣ, истифодаи математика дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, математикаи назариявию амалӣ, асосҳои маркетинг, автоматикунонӣ ва ғайра бастагӣ дорад. Дар қариб бист симпозиуму конгресс ва конфарон-сияҳои байналмилалии математика ва кибернетикаи иқтисодӣ иштирок ва сухан кардааст.

  • Некоторые задачи стохастичес-кого программирования. – Д., 1977;
  • Методы и модели стохастических оптимизации. – Киев, 1984 (соавтор);
  • Ҷиҳатҳои амалии барнома-созии стохастикӣ. – Д., 1989 (ҳамму-аллиф);
  • Прикладные аспекты стохастического прог-раммирования. – Д., 1989 (соавтор);
  • Асосҳои маркетинг ва қисмҳои оптимизатсионӣ ва автоматикунонӣ. – Д., 1990 (ҳаммуаллиф);
  • Математические модели и методы управления производством с учётом случайных факторов. – Киев, 1991;
  • Муқаддима оид ба мутодҳои статискии таҳқиқи эконометрӣ. – Х., 1997;
  • Масъалаҳои ғайрихоси барномасозии хаттӣ дар оптимизатсияи истеҳсолот. – Х., 2000;
  • Проблемы модеоирования водохозяйственных систем. – Д., 2003.[1]
  • Bulleted list item
  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 336.