Jump to content

Фақир Қодирбахши Бедил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фақир Қодирбахши Бедил
Таърихи таваллуд: 1814[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 15 январ 1873(1873-01-15)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: Забони панҷобӣ

Фақир Қодирбахши Бедил (форсӣ: فقير قادر بخش بيدل‎, 1815, Панҷоб 1872, ҳамон ҷо) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз суфиёни машҳури тариқаи қодирияи асри худ будааст. Ба забонҳои арабӣ (бо тахаллуси Қодир), синдӣ ва урду (бо тахаллуси Толиб) ва форсӣ (бо тахаллуси Бедил) осори манзуму мансур эҷод кардааст. Бедил шоири сермаҳсулу маъруфи давр ба шумор мерафт, ки ба ин осори форсиаш — ду девони ашъор, маснавиҳои «Наҳр-ул-баҳр», «Румуз-ул-орифин», «Шарҳи манзуми қасидаи Ғавсия» ва маснавии «Ҳир ва Ронҷҳо» гувоҳӣ медиҳанд. «Ҳир ва Ронҷҳо» қиссаи машҳури ишқии панҷобист, ки Бедил баъзе лаҳзаҳои (эпизодҳои) онро ба риштаи назм кашидааст.

Намунаи абёт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин аз оғози ин достонанд:

Зи ҳар чӣ хома нависад ба номаи даврон,
Саводи ҳарфи ғами ишқ хуштар аст, бидон.
Навиштаанд чунон достони Ронҷаву Ҳир,
Ба хомаи гуҳарафшон муаррихони замон...

Намунае аз ғазалиёти Бедил:

Эй ишқ, биёву сафдарӣ кун,
Шамшер бикаш, сикандарӣ кун.
Бо рӯй, ки рашки офтоб аст,
Аз машриқи сина ховарӣ кун.
Аз рӯй ниқобро барафкан,
Пирояи шарми дилбарӣ кун.
Охир кӣ туро бигуфт, эй ҷон,
Бо аҳли назар ситамгарӣ кун?

  • Ғаффоров А. Назми форсизабони Ҳинду Покистон дар нимаи дуюми асри XIX ва асри XX. Д., 1975;
  • Раҳимӣ Б. Ошноӣ бо Бедил. Д., 2009;
  • هرومن سدارنگانی. پارسیگویان هند و سند. تهران، ۲۴۳۵ شاهنشاهی