Федерико Гарсиа Лорка
исп. Federico García Lorca | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | исп. Federico del Sagrado Corazón de Jesús García Lorca |
Таърихи таваллуд: | 5 июн 1898[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 19 август 1936[3][4][5][…] (38 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | Театр, шеър ва санъат |
Забони осор: | испониёӣ[9] ва Забони словенӣ[9] |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Федери́ко Гарси́а Ло́рка (исп. Federico García Lorca, [feðeˈɾiko ɣarˈθi.a ˈlorka]; 5 июн 1898[1][2][3][…], Fuente Vaqueros[d], Андалусия[1][6][7][…] — 19 август 1936[3][4][5][…], Víznar[d], Андалусия[7]) — шоир ва драманависи испониёӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар факултаҳои ҳуқуқ ва адабиёти донишгоҳи Гранада таҳсил кард. Нахустин китобаш (ба наср) бо номи «Боварҳо ва чашмандозҳо» (1918) ба чоп расид. Даҳ соли умрашро (1920-30) дар Донишгоҳи Мадрид гузаронд. «Китоби ашъор» ва «Достони канта хондо» (ҳар ду соли 1921) аз маҷмӯаҳои нахустини ӯянд. Соли 1922 ҳамроҳ бо оҳангсоз М. де Фалйе дар шаҳри Гранада нахустин ҷашнвораи Канта хондо (як навъ сурудхонии ҳалқӣ дар Андалус)-ро созмон дод. «Таронаҳои лӯлӣ» (1927) беҳтарин маҷмӯаи ашъори Федерико Гарсиа Лоркааст. Ғаму андуҳ, танҳоӣ, шиква аз нобарориҳои рӯзгор аз дарунмояи аслии ин ашъор аст. Дар маҷмӯаи суханрониҳояш — «Симои шоиронаи дон Луис де Гонгор» (1927, ба муносибати 300-солагии марги ӯ) Федерико Гарсиа Лоркапояҳои назми де Гонгорро мардумӣ мешуморад. Соли 1929 Федерико Гарсиа Лоркааз пайи омӯзиши забони англисӣ ба донишгоҳи Колумбиёи Ню-Йорк омад ва ҳосили ин сафар маҷмӯаи ашъорест бо номи «Шоир дар Ню-Йорк», ки соли 1940 (пас аз маргаш) мунташир гардид. Ошноӣ бо мусиқии Ҳарлем, мароқ ба ашъори Р. Дарио, дӯстӣ бо П. Неруда биниши шоиронаи Г. Л.-ро фарохтар сохт. Шеърҳои «Девони Томорита» ва «Марсия барои Игнасио Санчес Мехенас» (говбоз, дӯсти шоир; ин ҳар ду 1934) дар навъи шеърии қадимии арабию испаниягӣ навишта шудаанд. Дар эҷодиёти Федерико Гарсиа Лоркадраматургия ҷойи намоён дорад (ӯ намоишномаҳо менавишт, ҳунарпешаву коргардон буд, намунаҳои ороишии саҳна месохт). Нахустин намоишномааш «Даврони наҳси парвонаҳо» (1920) номуваффақона буд, аммо дувумӣ — «Мариана Пинеда» (1927) ба Федерико Гарсиа Лоркакомёбӣ овард. Дар драмаҳои ӯ таносуби гуфтору ҳунар беназир аст. Соли 1931 Федерико Гарсиа Лоркатеатри сайёри «Ла Баракка»-ро таъсис намуд. Федерико Гарсиа Лоркаҳамчун мухолифи тиҷоратӣ кардани театр, орзу дошт, ки «асри тилоӣ»-и драмаи испаниягиро эҳё кунад ва худ ба рушди «драмаи нав» мусоидат намуд. Дар намоишномаҳои «Муҳаббати Дон Перлимплин» (1929), «Пас аз панҷ сол» (1931), «Донна Росито ё худ Гуфтори гулҳо» (1935) қаҳрамонони Федерико Гарсиа Лоркадар қабзаи бозиҳои айём саргардонанд ва сарнавишти онҳо дар бархӯрд бо зиндагию орзуҳо ва мавҳумҳову мавҷудҳо чарх мезанад. Дар чаҳор соли поёни умраш беҳтарин ва монотарин намоишномаҳои худ «Арӯсии хунин» (1933), «Йирмо» (1935), «Хонадони Бернардо Алба» (1936)-ро навишт, ки онҳо ба сари худ асари сегонаи драмавии андалусӣ мебошанд. Сужети ин намоишномаҳо гирову ҷолиб ва фоҷиавист. Қаҳрамононашон занҳои нокому дар зиндагӣ дучори ранҷу азоб мебошанд. Мас., «Хонаи Бернардо Алба», ки шоҳкори адабии Федерико Гарсиа Лоркашумурда мешавад, достони панҷ духтарест, ки асири модари золиманд ва ин модар қонунҳои ахлоқии шадиде барои онҳо ҷорӣ кардааст. Ҳар кадом аз ин духтарон мекӯшанд, ба ҳар роҳе аз ин хона фирор кунанд. Ҷавонтарини духтарҳо аз кушта шудани ошиқаш тавассути модари бераҳмаш огаҳӣ ёфта, даст ба худкушӣ мезанад. Ин намоишнома ба тоҷикӣ тарҷума ва дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ (1977) ба намоиш гузошта шуд. Ду танз (памфлет)-и оммаписанд — «Зани зиштхӯйи пинадӯз» (1930) ва «Ишқи Парлимплин ва Балисо дар боғ» (1933) аз навиштаҳои Федерико Гарсиа Лоркамебошанд. Федерико Гарсиа Лоркасиёсатмадор набуд, аммо мудом ва махсусан дар навиштаҳои охири умраш («Намоишномаи беном») аз мардуми бебизоат пуштибонӣ мекард ва равшанфикронро низ мехонд, ки барои некуаҳволии онҳо фидокорӣ кунанд. Дар оғози ҷанги дохилии кишвараш (1936—1939) ӯ дар наздикии шаҳри Гранада, аз тарафи ҷонибдорони генерал Франко кушта шуд. Бисёре аз осори нотамоми Федерико Гарсиа Лоркапас аз чандин соли маргаш ба чоп расиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 2.
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 4.0 4.1 Itaú Cultural https://enciclopedia.itaucultural.org.br/pessoa397654/federico-garcia-lorca (порт.) — São Paulo: Itaú Cultural, 2001. — ISBN 978-85-7979-060-7
- ↑ 5.0 5.1 filmportal.de — 2005.
- ↑ 6.0 6.1 Diccionario biográfico español (исп.) — Real Academia de la Historia, 2011.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ https://datos.gob.es/es/catalogo/e00123904-autores-espanoles-en-dominio-publico-fallecidos-desde-1900
- ↑ 9.0 9.1 CONOR.Sl
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 2. Д., 1980;
- Силюнас В. Ю. Ф. Гарсиа Лорка: драма поэта. М., 1989;
- Гарсиа Лорка в воспоминаниях современников. М., 1997;
- Зингерман Б. Театр и эстетика Гарсиа Лорки // Зингерман Б. Очерки истории драмы 20 века. М., 2003.
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Федерико Гарсиа Лорка // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.