Фердинанд Врангел
Фердинанд Врангел | |
|---|---|
| олмонӣ: Ferdinand Friedrich Georg Ludwig von Wrangell | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 29 декабри 1796 (9 январи 1797)[1] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 25 майи (6 июни) 1870[1] (73 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Самти фаъолият | гардишгар, ҷуғрофиёдон, сиёсатмадор, land owner, ходими низомӣ, дарёнавард, polar explorer, naval officer |
| Падар | Q120825075? |
| Модар | Dorothea Margareta Barbara von Freyman[d] |
| Завҷа | Q111697729? |
| Фарзандон | Wilhelm von Wrangell[d], Ferdinand Georg Friedrich von Wrangell[d] ва Ebba Antonie Karoline Sophie von Schilling[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Фердина́нд Петро́вич Вра́нгел (Фёдор Петрович Врангел; олмонӣ: Ferdinand Friedrich Georg Ludwig von Wrangell; Фердинанд Фридрих Георг Людвиг фон Врангел; 29 декабри 1796 [9 январи 1797], Псков — 25 майи [6 июни] 1870, Дерпт) — баҳрнаварди рус, адмирал, узви фахрии АИ Петербург (1855). Яке аз асосгузорони Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус (1845).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Корпуси баҳриро хатм кардааст (1815). Солҳои 1817-19 дар сайёҳати гирдиҷаҳонии В. М. Головин (дар киштии «Камчатка») иштирок дошт. Солҳои 1820 −24 барои таҳқиқи заминҳои Шимол ба отряди экспедитсионии Колима сардорӣ кард. Экспедитсия доир ба яхҳо, геомагнетизм ва иқлим таҳқиқоти пурарзиш анҷом дода, дар бораи сарватҳои табиӣ ва сокинони ин маҳалҳо маълумот гирд овард. Солҳои 1825-27 сардори экспедитсияи гирдиҷаҳонии рус дар киштии «Кроткий», 1825 −35 сарҳокими муҳоҷирони рус дар Амрико, 1840-49 директори ширкати Руссияю Амрико, 1854-55 директори Департаменти ҷуғрофиё, 1855-57 сардори Вазорати баҳрӣ. Аз соли 1857 узви Шӯрои давлатӣ. Муаллифи китоби «Саёҳати соҳилҳои шимолии Сибир ва баҳри Яхбаста» ва якчанд асар дар бораи халқҳои шимолу ғарби Амрико. Ҷазираи Врангел дар Зеландияи Нав, халиҷ ва димоға дар ҷазираҳои Алеут, димоға дар баҳри Охота ба номи Врангел гузошта шудаанд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Путешествие по северным берегам Сибирии и по Ледовитому морю. СПб, 18 (1).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Историческая энциклопедия Сибири (рус.) / под ред. В. А. Ламин — Новосибирск: 2009. — ISBN 5-8402-0230-4
- 1 2 Врангель Фердинанд Петрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/649357/Ferdinand-Petrovich-Wrangel
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Врангел Фердинанд Петрович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.