Фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона”
Фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” — дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи ферма
[вироиш | вироиши манбаъ]Фермаи чорвопарвариӣ назди Фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-ро дар деҳоти Ошоба баъди навсозӣ 8 сентябри соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манзуралӣ Маҳмадҷонов сохта шудааст. Дар корхонаи мазкур чорвои калони ширӣ нигоҳубин шуда, ҳамарӯза наздики 200 литр шир аз он ба корхонаҳои коркарди ҷамъият равон карда мешавад. Чорвое, ки дар ин ферма нигоҳубин карда мешавад, навъи зоти алои тоҷикӣ буда, модагови он то 450 кг вазн дорад. Дар корхонаи мазкур барои дуруст нигоҳубин намудани чорво шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамарӯза бо истифода аз маҳсулоти корхонаи мазкур қаймоқ, ҷурғот, равғани зард ва қурут истеҳсол карда мешавад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.president.tj. Ба истифода додани фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” дар ноҳияи Ашт(тоҷ.) (8 сентябри 2024). 8 сентябри 2024 санҷида шуд.