Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.

Шаблон:Донишгоҳи кутти

Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе — яке аз шуъбаҳои донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Русия дар Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар асоси фармони ПрезидентиТоҷикистон аз 6 майи соли 2009 дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. Ин донишгоҳ барои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар пешбурди соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маориф ва илми Русия оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

Таърих[вироиш]

Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар асоси фармони ПрезидентиТоҷикистон аз 6 майи соли 2009 дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. 70 % кормандони Филиали ДДМ ба номи М. Ломоносов профессорони донишгоҳи Москва буда 30% дигар, профессорону омузгорони донишгоҳҳои Душанбе мебошанд. Таълими донишҷуён дар донишгоҳ дар асоси стандарти ягонаи Вазорати маориф ва илми Русия ба роҳ монда шудааст. Соли аввали таҳсил ба ихтисосҳои Риёзӣ ва информатика, Геология, Муносибатҳои байналмиллалӣ донишҷуён кабул карда шуданд. Соли таҳсили 2011-2012 боз руи ихтисосҳои нав - Идоракунии давлатӣ ва мунисипиалӣ, Кимиё, физика ва механикаи материалхо, Лингвистика донишҷуён кабул карда шуданд.

Факултетҳо ва ихтисосҳо[вироиш]

  1. Факултети табиӣ - илмӣ:

• Риёзӣ ва информатика

• Геология

• Кимиё, физика ва механикаи материалхо

  1. Факултети гуманитарӣ:

• Муносибатхои байналмиллалӣ

• Идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ

• Лингвистика

Китобхона[вироиш]

Китобхонаи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов барои хизматрасонӣ ба хонандагон аз хазинаи электронии Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов истифода мебарад. Фонди (хазина)-и китобхона тахмин 10 миллион нусха, аз ҷумла 3 млн. ба забони хориҷӣ, нашрияҳоро ташкил медиҳад. Бойгонии хазинаи китобхона дар асоси нусхаҳои ройгони федералии нашрияҳои Русия, ивази китоб бо 164 ҳамкорони хориҷӣ - донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ зиёд мегардад. Хизматрасонӣ ба хонандагони виртуалӣ тавассути сомонаи Китобхона http://www.nbmgu.ru/ амалӣ мегардад.[1]

Донистаниҳо[вироиш]

Барои дастрас намудани хазинаи китобҳои Китобхонаи илмии ДДМ ба сомонаи Филиал Московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе, ё ин ки ба воситаи сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Махзани электронӣ/Пайвандҳои пурмуҳтаво ворид шудан мумкин аст.

Маъмурият[вироиш]

  • Директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе - Демидович Павел Николаевич – номзади илмҳои физика ва математика.
  • Директори иҷрокунанда — Мирзоев Сайъло Ҳабибулоевич, номзади илмҳои физика ва математика аст.

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]