Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2022

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2022
2022 UEFA Champions League Final
Мусобиқа Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2021/2022
Сана 28 май 2022
Варзишгоҳ «Стад де Франс», Порис
Беҳтарин бозикун Тибо КуртуаРеал Мадрид»)
Довар Парчами Фаронса Клемен Тюрпен
Ҳузури тамошобинон 75 000[1]
Ҳаво

Абрноки тағйирёбанда
Ҳарорат: 18 °C (64 °F)

Рутубат: 45%

Финали Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА 2022 28-уми майи соли 2022 баргузор шуд. Ин финали мавсими 67-уми мусобиқаи асосии бошгоҳҳои футболи Урупо таҳти сарпарастии УЕФА ва 30-умин финал пас аз тағйири номи Ҷоми қаҳрамонҳои Урупо ба Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА мебошад. Ғолиби бозӣ ҳуқуқ пайдо кард, ки бо ғолиби Лигаи Аврупои УЕФА барои Суперҷоми УЕФА бозӣ кунад, инчунин ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА дар мавсими оянда роҳхат гирифт.

Интихоби макон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин бозӣ ибтидо қарор буд дар варзишгоҳи «Алянс Арена» дар Мюнхени Олмон баргузор шавад. Бо ин ҳол, ба далели таъхир афтодан ва ҷобаҷои финали 2020, мизбони ниҳоӣ як сол ба ақиб мунтақил шуд ва Санкт-Петербург мизбони финали 2022 шуд. Дар феврали 2022, УЕФА таъйид кард, ки бинобар сабаби бӯҳрони Русия ва Укроин финалро ба ҷои дигаре мунтақил хоҳад кард. Пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин, дар 24-уми феврал, УЕФА як ҷаласаи фавқулоддаи кумитаи иҷроияро фаро хонд; Ҷое ки интизор мерафт маҳали баргузории ин мусобиқа расман аз Русия хориҷ шавад. Рӯзи баъд, УЕФА таъйид кард, ки финал ба варзишгоҳи «Стад де Франс», воқеъ дар шимоли Порис гузаронда хоҳад шуд.

Роҳ ба финал

[вироиш | вироиши манбаъ]