Фирдавси Аъзам
Таърихи таваллуд: | 21 ноябр 1984 (39 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: |
Фирдавси Аъзам (21 ноябри 1984, ноҳияи Масчо, вилояти Ленинобод) — шоир ва нависанда, ва рӯзноманигори тоҷик. Узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон (аз соли 2012).
Саргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Фирдавси Аъзам мутаваллиди 21 ноябри соли 1984 дар шаҳристони Масчои вилояти Суғд мебошад. Падараш рӯзноманигор ва адиби шинохта Аъзами Хуҷаста аст[1].
Соли 2008 донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо муваффақият ба итмом расонид ва муддати ду сол дар Омрико таҷрибаомӯзӣ кардааст.
Ҳавзаи фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти рӯзноманигориро аз соли 2002 дар расонаҳои даврӣ оғоз карда ва то имрӯз идома медиҳад. Навиштаҳову шеърҳояш дар чандин ҷаридаву нашрияҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Олмон, Амрико, Инглистон ва сомонаҳои зиёду мухталифи форсизабонон нашр шудаанду мешаванд.
Дар як қатор муассисаҳои хориҷӣ ба ҳайси мутарҷим фаъолият намуда аст.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин китоби шеъри Фирдавси Аъзам соли 2011 аз сӯи интишороти «Ношир»- шаҳри Хуҷанд таҳти унвони Абрҳои обӣ бо ду хат; срилик ва форсӣ мунташир гардид.
Китоби шеъри дувуми ӯ бо номи «Як бағал ғазал» соли 2014 дар Теҳрон нашр гардид. Ва ҳамин китоб дар оғози соли 2015 дар шаҳри Ландан бознашр гардид ва барандаи ҷоизаи Конуни нависандагони Тоҷикистон шуд.
«Ойини ойина» маҷмӯаи дигари Фирдавс аст, ки баҳори соли 2018 дар Теҳрон мунташир шуд.
Ҳамчунин, аввалин маҷмӯаи достони кутоҳашро бо номи Навҳаи доркӯб соли 2019 интишороти Арвани шаҳри Теҳрон мунташир намуд.
Сабк
[вироиш | вироиши манбаъ]Фирдавси Аъзам аз истеъдодҳои адабиёти муосири Тоҷикистон аз аввалин ҷавоншоирони тоҷик аст, ки сабки ҷадиди шеър ба номи «Зулол»-ро истиқбол намуд ва дар ин навъи шеър таҷрибаҳои шоиста анҷом дод. Асосан қолаби ғазалро дар хидмати таъйини аҳдофи иҷтимоӣ қарор дода дар шеъраш ба дунболи сулҳ, дӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу торихи куҳану мавзӯъҳои марбут ба иҷтимоъу ҳувият аст. Ва кӯшиш мекунад ойинае бошад барои садоҳои гуногун дар ҷаҳони густурдаи форсӣ.
Мунтақидони форсизабон ӯро яке аз муваффақтарин шоирони насли худаш дар Тоҷикистон медонанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фирдавси Аъзам. www.tojnews.org. TojNews (2015). 31 Январ 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 феврали 2021.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 21 ноябр
- Зодагони соли 1984
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Масчо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Шоирони Тоҷикистон
- Шоирони асри XXI
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик
- Нависандагони Тоҷикистон
- Нависандагони асри XXI
- Рӯзноманигорон аз рӯи алифбо
- Рӯзноманигорони тоҷик
- Рӯзноманигорони Тоҷикистон
- Адибон аз рӯи алифбо