Фирӯза Шарифӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 6 октябр 1973 (51 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор |
Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик.
- Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: филологи тоҷик
- Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст Ихтисос: иқтисодчӣ
Кор ва фаъолияти собиқа:
- Солҳои 1990—1995: донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филологияи тоҷик.
- Солҳои 1995—1996: муҳаққиқ — коромузи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Солҳои 1996—1999: аспиранти шуъбаи рузонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
- Солҳои 1999—2001: мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ.
- Солҳои 2001—2002: сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ.
- Солҳои 2002—2003: мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ.
- Солҳои 2003—2003: муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон.
- Солҳои 2003—2006: сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
- Солҳои 2006—2013: сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.
- Солҳои 2011—2014: донишҷуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи молияву иқтисод.
- Аз соли 2013 мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
- Аз соли 2013: муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон.[2]
Забонҳои русӣ озодона ва англисӣ (бо истифода аз луғат) медонад.
- Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон (2010—2015).
- Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) сарфароз гардонида шудааст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ вакилони Маҷлиси намояндагон. 10 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 сентябри 2017.
- ↑ Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода. 9 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 июни 2017.