Jump to content

Фозил Абдурашитов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фозил Абдурашитов
Фозил Маматович Абдурашитов
Таърихи таваллуд 24 апрел 1962(1962-04-24) (62 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Қубодиён, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко)

Фозил Маматович Абдурашитовдоктори илмҳои таърих (2014)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурашитов Фозил Маматович 24 апрели соли 1962 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Қубодиён дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1994 Донишкадаи давлатии педагогии Душанберо (ДДОД ба номи Т. Шевченко) (1989-1994), бо ихтисоси «Таърих ва ҷомешиносӣ" хатм намудааст. Дар солҳои 1994-2006 ба ҳайси омӯзгори фанҳои таърих, ҷомеашиносӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 2,8 ва омӯзгории ноҳияи Қубодиён фаъолият намудааст. Солҳои 1994-1999 ӯ унвонҷӯи Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2007-2011 дар созмонҳои байналмилалӣ ба ҳайси мушовир оид ба омӯзиш кор кардааст. Аз соли 2012 то соли 2014 ба ҳайси устоди калони фанҳои Таърихи ҳарбӣ ва Геополитика дар кафедраи умумии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2014 то ин ҷониб дар вазифаи сарходими илмии Шуъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 1999, таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Рақиб Абулҳаев рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Рушди обёрӣ ва азхудкунии Вахш водии (1960-1985)» ва дар соли 2014 дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии худ оид ба таърихи муҳоҷирати дохилии кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар Шӯрои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктории худро дифоъ намуда монографияи «Таҷрибаи таърихии сиёсати муҳоҷират дар Тоҷикистон (1924-1990 )» нашр намудааст. Самтҳои фаъолияти илмии ӯ соҳаҳои таърихи сохтмони системаҳои обёрӣ, азхудкунии заминҳои нав ва муҳоҷират дар давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои ислоҳоти аграрӣ, ислоҳоти замин ва об, ташаккул ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар охири қарни ХХ ва аввали ХХI ро фаро мегирад. Дар асоси таҳқиқотҳои ӯ 6 монография чоп шудааст: 1. Рушди обёрӣ ва азхудкунии Вахш водии (1960-1985))»; 2. «Таҷрибаи таърихии сиёсати муҳоҷират дар Тоҷикистон (1924-1990)»; 3. Масъалаи муҳоҷират дар таърихнигории тоҷик. 4. Аз таърихи муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон Шӯравӣ. 5. Ислоҳоти замин ва об дар Тоҷикистон дар охири қарни ХХ ва аввали ХХI ;. 6. Падидаи истиқлоли Тоҷикистон ва маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ «Масъалаи муҳоҷират ва таҳқиқи он дар таърихи муосири Тоҷикистон». Зери роҳбарии ӯ 2 номзад (Абдуназарова М. ва Бобоев A.) рисолаи номзадӣ ва 6 корҳои магистрӣ ҳимоя карда шудааст.

Абдурашитов Ф.M муаллифи 6 китоби илмӣ, беш аз 60 мақолаи илмӣ, зиёда аз 10 китобҳои илмӣ-бадеӣ, 1 китоби дарсӣ ва зиёда аз 10 брошураҳо ва дастурҳои методӣ барои мактабҳои олӣ мебошад.

  • Кубодиен. Таърих ва тамаддун. (Кубодиен. История и цивилизация. Научно-популярная книга на тадж. яз). — Душанбе,2003, - 67 с.;
  • Кубодиен зодгоҳи Н. Хусрав. (Научно-популярная книга на тадж. яз). — Душанбе,2003, - 174 с.;
  • Политика сельскохозяйственного переселения в Вахшскую долину и ее реализация. — Душанбе,2009, - 67 с.;
  • Сиёсати муҳоҷират дар водии Вахш (1960-1985.). — Душанбе, 2009. - 38 с.
  • Из истории внутреннего переселения в Советском Таджикистане. — Душанбе,2009, - 144 с;
  • Развитие ирригации и освоение Вахшской долины (1960-1985гг). — Душанбе,2009, - 156 с.;
  • Шуҷоат баҳри Ватан (Научно-популярная книга на тадж. яз). — Душанбе,2010, - 176 с.;
  • Историография таджикской миграциологии. — Душанбе,2013, - 110 с.;
  • Исторический опыт переселенческой политики в Таджикистане(1924-1990гг). — Душанбе,2015, - 400 с.;
  • Проблемы миграции и миграциологии в новейшей истории Таджикистана.(Сборник статей). — Душанбе,2015, - 143 с.;
  • Таърихи ҳарбӣ (Военная история на тадж. яз). — Душанбе,2016, - 238 с.;
  • Земельно-водная реформа в Таджикистане в концеХХ-началеХХI вв. — Душанбе,2016, - 118 с.;
  • Феномен таджикского суверенитета и сборник научных статей. — Душанбе,2017, - 148 с.;

дар маҷаллаҳои илмӣ:

  • Бадарға ва ё муҳоҷирати махсус. Муҳоҷирати олмониҳо ба Осиёи Миёна // Ахбори ДДОТ. 2012 №5.S.114-117.
  • Ҷанбаҳои иҷтимоию қавмии муҳоҷират дар Тоҷикистон дар солҳои 20-80-уми асри ХХ //. Шарҳи илмии Москва. 2012 №2.S.16-19.
  • Сиёсати муҳоҷирати ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 20-30 асри ХХ// Шарҳи илмии Москва. 2012.№5. S.12-15.

мацолаҳои илмӣ ва оммавӣ:

  • Аз таърихи сохтмони иншоотҳои обёрикунӣ ва ҳолати мелиоративии водии Вахш // Истиқбол.1999.№1.С.14-19.
  • Саҳми занон дар азхудкунии водии Вахш // Фируза.1999. №3. С.13-17.

[1]

  1. Абдурашитов Фозил Маматович(пайванди дастнорас)