Jump to content

Фозил Солиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фозил Солиев
Фозил Солиев
Таърихи таваллуд 1914(1914)
Зодгоҳ вилояти Тошканд ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 1976(1976)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) композитор
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1974)

Фозил Солиев – композитор, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон(1974).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фозил Солиев соли 1914 дар деҳаи Чинози вилояти Тошканд таваллуд шудааст. Дар тарҷумаи ҳоли ӯ тамоми марҳилаҳои ташаккули мактаби композитории Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд. Фаъолияти эҷодии ӯ солҳои сохтмони маданӣ, ҳангоме ки роҳҳои минбаъдаи рушди фарҳанги мусиқӣ муайян гардиданд, оғоз гардидааст. Дар ин раванди пурмаҳсул ӯ фаъолона ширкат варзидааст. Соли 1931 пас аз хатми синфи ғиҷҷаки Техникуми мусиқии Ленинобод ӯ ба ҳайси навозанда ба нахустин оркестри касбии ҷумҳурӣ, ки дар назди Театри мусиқӣ-драмавӣ – дар оянда Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор меояд. Пас аз якчанд сол ҳунарманди ҷавон, бо ҳисси баланди масъулият нисбат ба тақдири фарҳанги миллӣ бо қатъият паси дастгоҳи дирижёрии оркестри номбурда мешинад. Ҳамзамон ӯ ҳамчун яке аз созмондиҳандагон баъдтар дирижёри оркестри созҳои мардумии Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин мегардад (1938). Ҳарду оркестр таҳти роҳбарии Ф.Солиев фаъолияти васеи консертиро ба роҳ монда, намунаҳои беҳтарини мусиқии мардумӣ ва мардумӣ-классикиро тарғиб менамуданд. Дирижёр дар заминаи касбӣ далерона фарҳанги баланди иҷрокунандагиро ҷорӣ менамуд. Пас аз ду сол Ф.Солиев бо ҳамроҳии дигар ҳунармандон дар ташкил намудани Иттифоқи композиторони ҶШС Тоҷикистон (1939), ташкилоти эҷодие, ки дар рушди фарҳанги мусиқии муосири ҷумҳурӣ нақши бузург бозидааст ширкат меварзад.

Ф.Солиев ҳамчун композитори як қатор асарҳо маъруф гардида буд. Дар онҳо шавқу рағбати композитори ҷавон ба сароғози хушоҳангӣ, бахусус вокалӣ, зоҳир мегардад. Инҳо сурудҳои «Мепарварам» (шеъри А. Шукӯҳӣ), «Меҳнат ва муҳаббат» (шеъри М.Аминзода), «Бихандад лола» (шеъри Рӯдакӣ) ва дигарон, ки ба таври васеъ паҳн гардида буданд, мебошанд. Эҷодиёти сурудии Ф.Солиев туфайли истеъдоди барҷастаи оҳангофарии ӯ, қаробати мусиқии ӯ ба манбаҳои халқӣ, таъсирнокии замзамаҳояш маъруфият пайдо кардаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ф.Солиев як қатор сурудҳо аз ҷумла, суруди «Қалъаи оҳанин» (шеъри М. Аминзода)ро, ки ба шаҳри қаҳрамон – Сталинград бахшида шуда буд, эҷод мекунад. Бисёр сурудҳои ӯ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар он ҷойҳое, ки Ф. Солиев дар ҳайати бригадаҳои консертии фронтии тоҷик сафар намуда буд, садо додаанд. Ӯ яке аз аввалин композиторони тоҷик аст, ки асари симфонӣ эҷод намудааст. Аз ҷумла солҳои ҷанг вай Марши тантанавӣ барои оркестри симфонӣ, бахшида ба муҳорибаи назди Сталинградро менависад. Он аз ҷониби Оркестри давлатии симфонии ҶШС Украина, ки он вақт дар Душанбе ҷойгир буд, бомуваффақият иҷро мегардад.

Ф. Солиев нисбат ба эҷодиёти хеш басо серталаб, соли 1946 барои таҳсил ба шуъбаи миллии Консерваторияи давлатии Москва дохил гардида, дониши худро оид ба композитсия такмил медиҳад. Муоширати эҷодӣ бо ҳунармандони маъруфи шӯравӣ барои композитор уфуқҳои нави эҷодиро боз намуд. Он бар эҷоди якчанд асарҳои калонҳаҷми симфонӣ, ки ба таври устувор дар репертуари консертӣ ҷой гирифтанд, зоҳир гардид. Муҳимтарини онҳо аввалин Рапсодияи тоҷикӣ, асаре, ки соли 1946 эҷод шуда, то ҳанӯз дар толорҳои консертӣ бомуваффақият иҷро карда мешавад, маҳсуб меёбад. Рапсодия бо мантиқи шакл, хушоҳангии забон, тазоди барҷастаи манзараҳо, оркестровкаи олиҷаноб фарқ мекунад. Муаллиф дар асоси ин асар оҳангҳои рақсии тоҷикиро гузоштааст, ки туфайли он ин асар хусусияти воқеан халқиро пайдо намуда, ҳатто ба ноогоҳтарин сомеон фаҳмо гардид. Тамоми солҳои минбаъда Ф.Солиев вақти зиёдро ба эҷоди асарҳои симфонӣ мебахшад. Вай Достони симфонӣ, Достон-рапсодияҳои симфонии №2 ва №3 ва як қатор асарҳоро меофарад. Ҳамаи онҳо аз нигоҳи забони мусиқии худ ниҳоят пуртаъсиру ба таври возеҳ миллӣ мебошанд, ки ин бешубҳа комёбии онҳоро таъмин менамояд. Як қатор асарҳоро Ф.Солиев дар ҳаммуаллифӣ бо Я.Сабзанов, М.Цветаев ва Ю.Тер-Осипов навиштааст. Майли ӯ ба театр, ки солҳои ҷавонии худро композитор ба он бахшида буд, аз бисёр ҷиҳат доираи шавқу завқи ӯро дар овони камолоти эҷодӣ муайян намуд. Ф.Солиев барои бисёр намоишномаҳои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мусиқӣ эҷод намудааст. Мусиқии ӯ ба намоишномаҳои «Тӯй», «Ҳаёт ва ишқ», «Орзу» ва боз бисёриҳо хеле машҳур гардиданд. Ҳамчун композитор вай ҳамроҳи коргардон, рассом, ҳунарпешагон «баробар» дар эҷоди намоишнома ширкат меварзид. Аз ин рӯ, мусиқии ӯ дар намоишнома хеле табиӣ ва боэътибор мебаромад. Ба хусусияти хоси истеъдоди Ф. Солиев, ки барои эҷоди мусиқии театрӣ басо муҳим аст, метавон тафаккури равшану образнокии мусиқӣ, истеъдоди таҷассумгарии ӯро мансуб донист. Мусиқии театрии Ф. Солиев аз доираи васоити ёрирасони ифодаи намоишнома берун рафта, дар бисёр ҳолатҳо аҳамияти мустақил пайдо мекунад. Бисёр сурудҳои якка, сурудҳо ва дигар порчаҳо аз мусиқии театрии ӯ дар консертҳо ҳамчун асари асил садо медиҳанд. Ф.Солиев солҳои зиёд дар нақши дирижёр баромад намудааст. Фаъолияти композитор ба сифати роҳбари ансамбли машҳури рубобчизанон, ки омӯзиши амиқи мусиқии фолклорӣ алоқаманд буд, аз бисёр ҷиҳат асарҳои ӯро бо манбаҳои халқӣ бой гардонид. Махсусан таваҷҷуҳ ва вақти зиёди хешро ӯ ба омӯзиши азхуднамоии эҷодии мусиқии Помир бахшидааст. Ҳамкориҳои бисёрсолаи эҷодии ӯ бо Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ самарабахш буданд.

Муоширати воқеии эҷодӣ бо коллективи иҷрокунандагон, бо дӯстдорони мусиқӣ эҷодиёти композиторро пайваста бо мавзӯҳои нав ғанӣ гардонида, ба ӯ илҳоми тозаи эҷодӣ бахшиданд. Мусиқии Ф.Солиев дорои решаҳои амиқи халқӣ мебошад ва ин баёнгари таваҷҷуҳи аҳли мусиқӣ ба эҷодиёти ӯ мебошад. Ф.Солиев тавассути фаъолияти ҷамъиятии хеш дар ҳаёти мусиқии ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст. Вай солҳои зиёд узви Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, ба ҳайати шӯроҳои бадеии коллективҳои иҷрокунандагӣ шомил буд. Коммунисти дорои собиқаи калони ҳизбӣ вай ҳангоми баррасии проблемаҳои эҷодӣ принсипнокии баланд зоҳир менамуд. Мушарраф гардидани ӯ бо ордену медалҳои СССР, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз эътирофи васеи фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодии Ф.Солиев дарак медиҳад.

Асарҳои симфонӣ ва асарҳо барои оркестри созҳои халқӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1946 – Рапсодияи тоҷикии №1.
  • 1951 – Сюитаи симфонӣ иборат аз 4 қисм.
  • 1960 – «Рақс ва пйеса» барои оркестри симфонӣ.
  • 1966 – «Сюитаи пионерӣ» иборат аз 7 қисм дар ҳаммуаллифӣ бо
  • Ю.Тер-Осипов.
  • 1968 – Достони симфонӣ.
  • 1972 – Достон-рапсодияи симфонии №2.
  • 1974 – Достон-рапсодияи №3 барои оркестри созҳои миллӣ.
  • 1974 – Достон-рапсодияи №4 барои оркестри созҳои миллӣ.

Асарҳои вокалӣ-симфонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1958 – Кантата. Дар ҳаммуаллифӣ бо Я.Сабзанов. Иборат аз 5 қисм, шеърҳои Рӯдакӣ, Ҷомӣ.
  • 1972 – «50-солагии СССР», оратория. Дар ҳаммуаллифӣ бо М.Цветаев.
  • 1974 – «Мо аз боми ҷаҳонем», сюитаи вокалӣ-хореографӣ.

Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1942 – «Майсара», пйесаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ
  • 1951 – «Духтари ноком», пйесаи Ҷ. Икромӣ.
  • 1954 – «Ситора», пйесаи Ҷ. Икромӣ.
  • 1955 – «Дил – дили Зайнаб», пйесаи Ш.Киромӣ ва А.Мороз.
  • 1958 – «Тӯй», пйесаи С.Ғанӣ.
  • 1958 – «Ҳаёт ва ишқ», пйесаи Ф.Ансорӣ.
  • 1959 – «Худоӣ», пйесаи Р.Такур.
  • 1959 – «Виҷдон», пйесаи С.Ғанӣ ва Е.Мителман.
  • 1960 – «Сурх ва сиёҳ», пйесаи А.Зак ва И.Кузнетсов.
  • 1960 – «Амак ва ҷиянҳо», пйесаи Р.Бобоҷон.
  • 1961 – «Ҷарима 30 тин», пйесаи Ҷ.Икромӣ.
  • 1964 – «Хор дар гулистон», пйесаи Ҷ.Икромӣ.
  • 1964 – «Ҳуррият», пйесаи Ғ.Абдулло.
  • 1966 – «Паррандаи раҳнамо», пйесаи М.Волин.
  • 1966 – «Тошбек ва Гулқурбон», пйесаи М.Миршакар.
  • 1967 – «Дилҳои сӯзон», пйесаи Ҷ.Икромӣ.194 195
  • 1969 – «Сароби хунин», пйесаи С.Азимова.
  • 1969 – «Орзу», пйесаи М.Назаров.
  • 1972 – «Ҷон додаракон», пйесаи А.Қаҳҳорӣ ва диг.
  • Сурудҳо, романсҳо, пйесаи созӣ ва такмили оҳангҳои халқӣ.[1]
  1. Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011. - С. 191-194