Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ
ӯзбакӣ: Hamza Hakimzoda Niyoziy
Hamza Niyazi.jpg
Санаи таваллуд:

6 март 1889(1889-03-06)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

18 март 1929(1929-03-18) (40 сол)

Маҳалли марг:

қишлоқи Шоҳимардон, ҶШС Ӯзбакистон

Шаҳрвандӣ:

 СССР

Навъи фаъолият:

нависанда, шоир, сиёсатмадор, оҳангсоз, румоннавис, филмноманавис

Забони осор:

ӯзбакӣ ва тоҷикӣ

Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳамза Ҳакимзоде Ниёзӣ (6 март (22 феврал)-и соли 1889, Хӯқанд18 марти 1929, қишлоқи Шоҳимардон) —  шоир, драматург, ходими ҷамъиятии Ӯзбекистон, шоири халқии ҶШС Ӯзбекистон (1926). Асосгузори адабиёти шуравии Ӯзбекистон. Миллаташ — тоҷик[2].

Зиндагинома[вироиш]

Маркаи аслии ИҶШС, соли 1989
Лифофаи почтаи ИҶШС, соли 1979

Ҳамза Ниёзӣ соли 1889 дар маҳаллаи Тарақчилики шаҳри бостонии Хӯқанд, дар оилаи марди бофазлу маърифати тоҷик ба дунё омадааст. Падараш Ибни Ямини Ниёзии тоҷик (1836–1920), ки дар водии Фарғона бо тахаллуси «Ҳакимча» шуҳрат дошт. Ӯ аз деҳаи Аввали назди Фарғона (ватани аслиашон мулки Қаротегини Ҷумҳурии Тоҷикистон[3]) буда, барои таҳсил ба шаҳри Бухоро рафта, касби табибиро меомӯзад, сипас ба деҳаашон баргашта, чанде умр ба сар мебарад. Ӯ ба тоҷикдухтар Ҷаҳонгул аз деҳаи Таҳигули ҳамсоядеҳаашон хонадор мешавад ва ба шаҳри Хӯқанд (Қӯқанд) кӯчида, дар гузари Тарақчилик муқимӣ мешавад. Ибни Ямин, ки донишманд ва табиби ҳозиқ буд, дар тарбияи фарзанди худ саъй ва кӯшиш ба харҷ медиҳад. Вай дар муҳити шеърдӯсту ҳунарпарвар ба камол мерасад. Чуноне ки худи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ баъдтар дар тарҷумаи ҳолаш ёдовар мешавад, ӯ аллакай дар 7–10-солагиаш пораҳои «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Бедил, Аҳмади Ясавӣ, Алишери Навоӣ барин шоирони форсу тоҷик ва туркизабонро аллакай аз ёд медонист.

Ӯ соли 1908 ба шаҳри Намангон рафта, дар он ҷо таҳсили илм намуда, забони арабиро низ меомӯзад.

Умуман, ҳаёти Ҳамза Ниёзӣ мураккаб ва тезутунд мегузарад ва ӯ Инқилоб Октябрро самимона истиқбол мегирад ва ба хизматаш камар мебандад. Соли 1929 сокинони деҳаи Шоҳимардон (ҳоло Ҳамзаобод) бо таҳрики унсурҳои зиддиинқилобӣ Ҳамза Ҳакизодаро сангсор намуда, ба қатл мерасонанд.

Эҷодиёт[вироиш]

Дар шаҳри Хӯқанд, ки ҳоло Қӯқандаш меноманд, чун дигар шаҳру деҳоти водии зарнисори Фарғона падидаи дузабонӣ ё худ зуллисонайн ривоҷ дошт. Ҳамза дар чунин муҳит ба дунё омад, ба забони тоҷикию ӯзбекӣ савод баровард, ба тарзи ширу шакар шеърҳо навишт, забону адабиёти ҳар ду халқро омӯхт ва ба онҳо дил баст ва ба ҳар ду забон асарҳо эҷод кард.

Ӯ бо тахаллуси Ниҳон ё Ниҳонӣ шеърҳо менавишт. Аввалин девони ашъорашро бо номи «Девони Ниҳон» соли 1913 ба забони форсии тоҷикӣ мураттаб сохт, ки ҳоло дар захираи дастхатҳои шарқии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 8989 маҳфуз аст.

Ашъори тоҷикии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ хеле кам ба табъ расидааст, агарчӣ асарҳои ба забони модарӣ эҷодкардаи ӯ бисёранд ва мутаассифона, то ба имрӯз қисми зиёди онҳо ба табъ нарасидаанд.

Ҳамза шоир ва драматурги маъруфи инқилобӣ буд. Ӯ ҳамагӣ чиҳил сол умр дида бошад ҳам, осори зиёде ба ёдгор гузоштааст. Махсусан, намоишномаҳои ӯ: «Бой ва хизматгор», «Найрангҳои Майсара», «Ҷазои туҳматгарон» ба хазинаи тиллои адабиёти шӯравӣ дохил шуда буданд. Саҳми Ҳамза Ҳакимзода дар ташаккули адабиёти шӯравии тоҷик, бахусус, драматургия калон аст. Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барҳақ навиштааст:

«Мо дар солҳои ҷавонии худ дар қатори сурудҳои инқилобии русӣ ва тоҷикӣ бо эҳтироми тамом таронаҳои ӯзбекӣ, алалхусус, таронаҳои Ҳамза Ҳакимзода «Ҳой, ҳой мепарронем!» ва амсоли онҳоро мехондем. Мо, нависандагони ҷавон, асарҳои Маяковский ва Айниро ҳар қадаре дӯст дорем, ба асарҳои Ҳамза низ ҳамон андоза муҳаббат доштем. Асарҳои саҳнавии ӯзбек ба мо аз ин ҳам бештар таассурот мебахшиданд. Эҷодкори ин пейасаҳо, ки ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд, сарояндаи инқилоб Ҳамза Ҳакимзода буд. Театри ҷавони драмавии мо ин намоишҳои аҷоибро намоиш медод, ҳунарпешагони тоҷик дар ин спектаклҳо бозӣ карда, маҳорати худро такмил медоданд. Аз ҳамин ҷост, ки Ҳамза Ҳакимзода яке аз асосгузориҳои драматургияи советии тоҷик ба шумор меравад».

Хотира[вироиш]

Соли 1989 милодӣ 100-солагии зодрӯзи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. Мутассифона, чанд сол қабл номи ин адиб ва шахсияти маъруф дар қатори номҳои Мухтор Ашрафӣ, Комил Ёрматов, академик Қорӣ Ниёзӣ ва дигар бузургмардони илму адаб бо иттиҳоми тоҷик буданашон аз муассисаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барчида шуд. Ҳатто Театри драмаи ба номи Ҳамзаи шаҳри Тошканд аз ин амал эмин намонд, вале бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи ин иқдомоти муғризона ва бадхоҳона дар назди таърих ноком мемонанд, зеро хизматҳои шоистаи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигар бузургмардони тоҷикро дар саҳфаи таърихи фарҳанг ва адабиёти халқи бардари ӯзбек хатти бутлон кашидан ва сутурдан ғайримкон аст. Шахсияти ин адиби бузург чун рамзи бародарӣ, ҳамкорӣ ва дӯстии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек ҷовидон боқӣ мемонад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Хамза Хакимзаде Ниязи // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Дар маҷаллаи ӯзбекии «Маориф ва уқутувчӣ» (соли 1925, №7) тарҷумаи ҳоли мухтасар ва намунаи ашъори Ҳамза ба нашр расидааст, ки дар он аз ҷумла дар бораи мансубияти милли поягузори адабиёти навини ӯзбек бо ҳуруфи арабӣ чунин навишта шудааст: «Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аслӣ дарвозлик тоҷиклардан булиб,.. Қӯқон шаҳрига туғилғон…», яъне «Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ аслан аз тоҷикони дарвозӣ буда, дар шаҳри Хӯқанд таваллуд ёфтааст».
  3. Отахон Латифӣ, Абдурофеъ Рабиев. Рӯзгори соҳибдилон, Душанбе, 1985. — саҳ. 17

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  • Султанов Ю. С. «Хамза. Очерк жизни и творчества». 2 изд., Ташкент, 1973;
  • Базаров У. Б. «Идейные основы творчества Хамзы Хаким-заде Ниязи». Ташкент, 1960.

Сарчашма[вироиш]