Форобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ
форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎‎
Iranian Farabi.jpg
Санаи таваллуд:

10 январ 872

Зодгоҳ:
Санаи марг:

17 январ 951 (79 сол)

Маҳалли марг:
Фазои илмӣ:

таърихи табиӣ[d], метафизика[d], риёзиёт, Мантиқ, ахтаршиносӣ, пизишкӣ ва Одоб

Маъруф ба:

Муаллими Сонӣ

Commons-logo.svg Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ дар Викианбор

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ[2] (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی‎), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي‎, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872[3], Фороб[4], Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 ва 12 январи 951[5], Димишқ[4], Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст[6].

Муаррихони исломӣ мӯътақиданд, ки Форобӣ фарде зуҳдпеша ва узлатгузин ва аҳли таъаммул буд. Рӯйгардонии ӯ аз умури дунявӣ ба ҳадде буд, ки бо он ки Сайфуддавла барояш аз байтулмол ҳуқуқи бисёр таъйин карда буд, ба чаҳор дирҳам дар рӯз қаноат меварзид[7].

Форобӣ дар анвоъи улум беҳамто буд, чунонки дар бораи ҳар илме аз улуми замони хеш китоб навиштааст. Аз китобҳои вай маълум мешавад, ки дар улуми забон, риёзиёт, кимиё, ҳайъат, улуми низомӣ, мусиқӣ, табииёт, илоҳиёт, улуми маданӣ, фиқҳ, мантиқ ва фалсафа дорои маҳорати бисёр будааст.

Дуруст аст, ки Кендӣ ба унвони нахустин файласуфи исломие шинохта мешавад, ки роҳро барои дигарон пас аз худ гушуд, аммо ӯ натавонист як мактаби фалсафӣ таъсис карда ва миёни масоиле, ки мавриди баҳс қарор додааст, ваҳдате эҷод кунад. Дар сурате ки Форобӣ тавонист як мактаби комили фалсафиеро бунён ниҳад. Ибни Сино Форобиро устоди худ мешумурд ва Ибни Рушд ва дигар ҳукамои исломӣ барояш эҳтироми болое қоил буданд. Дар суннати фалсафаи исломӣ, Форобиро баъд аз Арасту — ки мулаққаб ба «Муаллими Аввал» буд — «Муаллими Сонӣ» лақаб додаанд.

Фалсафаи Форобӣ[вироиш]

Фалсафаи Форобӣ омезае аст аз ҳикмати арастӯӣ ва навафлотунӣ, ки ранги исломӣ ба худ гирифтааст. Ӯ дар мантиқ ва табииёт арастӯӣ аст ва дар ахлоқ ва сиёсат афлотунӣ ва дар мобаъдуттабиа ба мактаби флутинӣ гароиш дорад[7].

Ваҳдати фалсафа[вироиш]

Форобӣ аз касоне аст, ки орои мухталифи фалсафиро бо ҳам вифқ дода. Ӯ дар ин роҳ бар ҳамаи гузаштагони худ низ сибқат гирифт. Ӯ дар ин роҳ то он ҷо пеш рафт, ки гуфт: «Фалсафа яке бештар нест ва ҳақиқати фалсафӣ (ҳарчанд макотиби фалсафӣ мутаъаддид бошанд) мутаъаддид нест.» Форобӣ ба ваҳдати фалсафа сахт мӯътақид буд ва барои исботи он бурҳон ва далелҳои бисёре зикр кард ва расоили мутаъаддид навишт, ки аз он ҷумла китоби «Алҷамъ байна раъйяил-ҳакимайн Афлотунил-илоҳӣ ва Арастутолис» ба дасти мо расидааст.

Вай мӯътақид буд, ки агар ҳақиқати фалсафӣ воҳид аст, пас бояд битавон дар миёни афкори фалосифаи бузург ба вижа Афлотун ва Арасту тавофуқе падид овард. Асосан вақте ғоят ва ҳадафи ин ду ҳакими бузург, баҳс дар бораи ҳақиқати якто будааст, чӣ гуна мумкин аст дар оро ва афкор бо ҳам ихтилоф дошта бошанд? Форобӣ миёни ин ду файласуфи юнонӣ порае ихтилофот ёфта буд, аммо мӯътақид буд, ки ин ихтилофот ихтилофоти сатҳӣ аст ва дар мавриди масоили асосӣ нест. Махсусан он ки онҳо падидоварандаи фалсафа буда ва ҳамаи ҳукамои баъдӣ каму беш ба ин ду такя доранд.

Масоиле, ки ба унвони ихтилофи мабонии Афлотун ва Арасту матраҳ буд ва Форобӣ дар садади ҳамоҳанг сохтан байни онҳо баромад, иборат буданд аз: равиши зиндагии Афлотун ва Арасту, равиши фалсафии Афлотун ва Арасту, назарияи мусул, назарияи маърифат ё тазаккур, ҳудус ва қидам, назарияи одат. Албатта тардиде нест, ки Форобӣ дар ин амр ранҷи бисёре мутаҳаммил шудааст, аммо нуктаи муҳим дар ин робита он аст, ки яке аз манобеи ӯ барои анҷоми ин мақсуд, китоби «Усулуҷиё» ё «Рубуият» буд, ки яке аз бахшҳои китоби «Тосуъот»-и Флутин мебошад.

Форобӣ фикр мекард, ки ин китоб мутаъаллиқ ба Арасту аст ва чун дар он ба як силсила орои афлотунӣ бархӯрд карда буд, ҳамин амр ӯро бар ин кор ташвиқ мекард. (Дар ҳоле ки матолиби ин китоб иртиботе бо Арасту надошт). Бинобар ин, агарчи Форобӣ дар кори худ ба тавфиқи комил даст наёфт, вале роҳро барои дигар фалосифаи исломӣ гушуд. Ва ҳамчунин Форобӣ тавонист миёни орои фалсафии Арасту ва ақоиди исломӣ як навъ ҳамоҳангӣ эҷод кунад ва фалсафаи Арастуро ҷузъи сарчашмаҳо ва усули фалсафаи исломӣ қарор бидиҳад[7].

Мусиқӣ[вироиш]

Тасвире аз сози мусиқии шоҳруд дар «Китобу-л-мусиқӣ-ал-кабир»

Мусиқӣ ва шеър барои Форобӣ нақши полоишкунандаи қувваи мутахаййила ҷиҳати касби маърифатро ифо мекунанд. Форобӣ мусиқиро дорои ду бӯъди назарӣ ва амалӣ медонад ва муътақид аст, ки шогирдон аввал бояд мусиқии назариро биёмӯзанд ва сипас дар олоти мусиқӣ маҳорати лозимро пайдо кунанд. Вай муътақид аст, ки ҳар навъ мусиқӣ мунтабиқ бо табиати шогирдон нест ва барои интихоби навъи онҳо бояд диққати  назари лозим сурат гирад[8].

Форобӣ муътақид аст, ки барои тарвиҷи арзишҳо ва фазоили ахлоқӣ ва динӣ дар ҷомеа бояд аз тариқи ҳунар, қувваи хаёли тудаи мардумро парвариш дод, зеро бештари онҳо аз тариқи “иқноъ” (пазириш) ва “тахайюл” матолибро мепазиранд на бар асоси андеша ва ҷиҳатдиҳӣ ба тахайюлоти умумии ҷомеаро, ки аз тариқи ҳунар анҷом мепазирад дар марҳалаи аввал вазифаи зимомдорони он ҷомеа медонад.

Абунасри Форобӣ дар асари машҳураш «Китобу-л-мусиқӣ-ал-кабир» («Китоби бузурги мусиқӣ») роҷеъ ба равиши ҷӯрсози (кӯки)-и танбур бо шеваи «кӯки бухороӣ» (дар муқобили «кӯки бағдодӣ») маълумот додааст[9].

Осор[вироиш]

Осори Форобӣ аз ин қарор аст[7]:

  1. «Мо янбағӣ ан таълама қаблал-фалсафа» (Он чӣ шоиста аст қабл аз фалсафа фаро бигирӣ). Дар ин китоб Форобӣ мантиқ, ҳандаса, ахлоқи некӯ ва канорагирӣ аз шаҳавотро пешниёзи пардохтан ба фалсафа зикр мекунад ва дар бораи ҳар як матолибе баён менамояд.
  2. «Ассиёсатул-мадания» (Кишвардорӣ). Ин китоб дар бораи иқтисоди сиёсӣ аст.
  3. «Алҷамъ байна раъйяил-ҳакимайн Афлотунил-илоҳӣ ва Арастутолис» (Ҷамъ байни орои ду ҳакими бузург Афлотуни илоҳӣ ва Арасту). Форобӣ дар ин китоб мекӯшад байни назариёти Афлотун ва Арасту ҳамоҳангӣ барқарор созад.
  4. «Рисолатун фи моҳиятил-ақл» (Рисолае дар бораи моҳият ва чистии ақл). Дар ин рисола ақсоми ақлро таъриф ва маротиби онҳоро баён мекунад.
  5. «Таҳсилус-саъода» (Роҳи ба даст овардани саодат). Дар ахлоқ ва фалсафаи назарӣ.
  6. «Аҷвиба ъан масоила фалсафия» (Посухҳое ба масоили фалсафӣ). Посухҳое аст ба бархе пурсишҳо ва масоили фалсафӣ.
  7. «Рисолатун фи исботил-муфориқот» (Рисолае дар исботи вуҷуди мавҷудоти ғайри моддӣ). Дар ин рисола, Форобӣ дар бораи мавҷудоти ғайри моддӣ баҳс мекунад.
  8. «Ағрозу Арастутолис фи китоби мобаъдуттабиа» (Мақосиди Арасту дар китоби Метафизик). Ин китоб яке аз муҳимтарин китобҳои Форобӣ аст, ки мавриди истифодаи Ибни Сино ҳам қарор гирифт.
  9. «Рисолатун фис-сиёса» (Рисолае дар сиёсат). Форобӣ дар ин рисола бораи сиёсат сӯҳбат мекунад.
  10. «Фусулул-ҳикам» (Ҷудокунандаҳои ҳикмат). Ин китоб дар мавриди ҳикмати илоҳӣ ва шомили 74 баҳс дар ин замина ва мабоҳиси нафс мебошад.

Адабиёт дар бораи Форобӣ[вироиш]

Ба забони тоҷикӣ[10]
  • Олимов, К., Султонов, У. Абӯнасри Форобӣ: Адиби бузурги асри IX // Маориф ва маданият. — 1972. — 16 ноябр.
  • Султонов, М. Арастуи Шарқ: Ба муносибати 1100-солагии Абӯнаср Форобӣ // Комсомоли Тоҷикистон. — 1973. — 24 август.
  • Олимов, К. Арастуи сонӣ: Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абӯнасри Форобӣ // Садои Шарқ. — 1973. — № 10. — С.130-136.
  • Шамсиддинов, Ҷ. Устоди сонӣ: Дар бораи олими машҳур файласуфи асри миёнагӣ Абӯ Наср Муҳаммад Ибни Муҳаммад Тархон Форобӣ // Комсомоли Тоҷикистон. — 1974. — 10 июл.
  • Ҳодизода, Р. Ақидаҳои эстетикии Форобӣ // Садои Шарқ. — 1975. — № 9. С.137-145.
  • Шамсиддинов, Ҷ. Файласуфи бузурги асрҳои миёна: Ба пешвози 1100- солагии Форобӣ // Маориф ва маданият. — 1975. — 19 июн.
  • Содиқов, А. Абӯнаср Ал-Форобӣ дар бораи ахлоқ: Бахшида ба 1100-солагии рӯзи таваллуди Абӯнасри Форобӣ // Мактаби советӣ. — 1975. — № 10. С.27-31.
  • Диноршоев, М. Султонов, У. Абӯнасри Форобӣ: Аз ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири асри IX // Маориф ва маданият. — 1976. — 18 март.
  • Ҷонбобоев, С. Пайвандӣ бо решаҳо мансубияти қавмиву этникии Абӯнасрӣ Форобӣ // Ҷумҳурият. — 2016. — 13 апрел.
Ба забони русӣ
  • Ардакани, Р. Д. Фараби — основоположник исламской философии. Пер. с перс. А. Абсаликова. — М.: ООО «Садра», 2014. — 132 с. — ISBN 978-5-906016-37-9.
  • Гафуров Б. Г., Касымжанов А. Х. Ал-Фараби в истории культуры. М., 1975.
  • Даукеева С. Философия музыки Абу Насра Мухаммада аль-Фараби. Алматы: Фонд Сорос — Казахстан, 2002. — 352 с. — ISBN 9965-13-819-2.
  • Касымжанов А. Х. Абу-Наср аль-Фараби. М.: Мысль, 1982.
  • Кенисарин А. М., Нысанбаев А. Н. Становление историко-философских идей в учениях Аристотеля и аль-Фараби // Вопросы философии. — 2005. — № 7. — С.136-145.
  • Кубесов А. Математическое наследие ал-Фараби. Алма-Ата: Наука, 1974.
  • Нысанбаев А. Н. Развитие фарабиеведения в Казахстане: итоги, проблемы и перспективы. // Вопросы философии. № 5. 2011. С.119-129.
  • Сагадеев А. В. Учение Ибн Рушда о соотношении философии, теологии и религии и его истоки в трудах ал-Фараби. — В кн.: Ал-Фараби. Научное творчество. М., 1975.
  • Хайруллаев М. М. Фараби, эпоха и учение. Ташкент, 1975.
  • Хайруллаев М. М. Абу Наср ал-Фараби: 873—950. М., 1982.
  • Шаймухамбетова Г. Б. Учение Платона об идеях и теория разума ал-Фараби. В кн.: Ал-Фараби. Научное творчество. М., 1975.
  • Туманян Т. Г., Держивицкий Е. В. Теория воспитания Платона в политической философии Ал-Фараби // Политика и образование. СПб. 2008. С. 135—148.
Ба забони инлисӣ
  • Madkour J. La place d’al-Farabi dans l’ecole philosophique musulmane. P., 1934.
  • Habib Hassan Touma. The Music of the Arabs. Trans. Laurie Schwartz. Portland (Oregon): Amadeus Press, 1996.
  • Fakhry M. Al-Farabi, Founder of islamic neoplatonism: His life, works, and influence. Oxford: Oneworld Publications, 2002.
  • Marcinkowski C. A Biographical note on Ibn Bajjah (Avempace) and an english translation of his Annotations to Al-Farabi’s «Isagoge». Iqbal Review, 43, p. 83-99.
  • Reisman D. Al-Farabi and the Philosophical Curriculum. // Adamson P., Taylor R. The Cambridge Companion to Arabic Philosophy. Cambridge University Press, 2005.
  • Corbin, H. History of Islamic Philosophy. London: Keagan Paul Int., 1993.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118686097 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. Dimitri Gutas. Farabi(англ.). Encyclopædia Iranica. 21 январи 2018 санҷида шуд.
  3. Corbin, Henry; Hossein Nasr and Utman Yahya (2001). History of Islamic Philosophy. Kegan Paul. ISBN 978-0-7103-0416-2.  Cite uses deprecated parameter |coauthors= (help)
  4. 4.0 4.1 Dhanani, Alnoor (2007). "Fārābī: Abū Naṣr Muḥammad ibn Muḥammad ibn Tarkhān al‐Fārābī". In Thomas Hockey; et al. The Biographical Encyclopedia of Astronomers. New York: Springer. pp. 356–7. ISBN 978-0-387-31022-0.  (PDF version)
  5. Согласно средневековым мусульманским источникам Фараби умер в возрасте 80 лет в 339 году хиджры.
  6. Сунатулло Ҷонбобоев. Мансубияти қавмиву этникии Абунасри Форобӣ. jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият". 11 январи 2019 санҷида шуд.
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 Кимиёи саодат. Нигоҳе ба Форобӣ ва фалсафаи ӯ(тоҷ.). Кимиёи саодат (8 августи 2016). 11 январи 2019 санҷида шуд.
  8. Фалсафаи таълиму тарбият аз дидгоҳи Форобӣ. Xонавода (27 августи 2014). 11 январи 2019 санҷида шуд.
  9. Мусиқии Тоҷикистон. dushanbe.tj. 11 январи 2019 санҷида шуд.
  10. Арастуи Шарқ - Абӯнасри Форобӣ. www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 11 январи 2019 санҷида шуд.