Фрэнсис Бэкон
англ. Francis Bacon | |
Таърихи таваллуд | 22 январ 1561[1][2][3] |
Зодгоҳ |
|
Таърихи даргузашт | 9 (19) апрел 1626[2][4][5][…] (65 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | фалсафа[6], олим, файласуф, сиёсатмадор, эпистемология[6], empiricism[d][6], сиёсат[6], илм[6] ва таърих[6] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Фрэ́нсис Бэ́кон (англ. Francis Bacon, (/ˈbeɪkən/; 22 январ 1561[1][2][3], Йорк Ҳаус[d], Лондони Бузург[d] ё Лондон[6] — 9 [19] апрел 1626[2][4][5][…], Ҳойгейт[d] ё Лондон[6]) — файласуф ва ходими давлатии Англия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Писари лорди муҳрдори шоҳ Н. Бэкон. Солҳои 1573-74 дар Тринти — коллеҷи Университети Кембриҷ хонда, баъд корманди сафорати Англия дар Фаронса гардид. Аз соли 1577 ба омӯзиши ҳуқуқ дар корпоратсияи ҳуқуқии Грейз — Инни Лондон пардохт ва соли 1582 унвони адвокатии барристерро гирифт. Аз соли 1584 ба узвияти Палатаи обшинаҳо интихоб шуда, дар музокираҳои парламентӣ, аз ҷумла аз тарафи оппозитсия фаъолона ширкат мекард. Аз соли 1607 вазифаи страпчии кулл ва аз соли 1614 — прокурори кулро ба уҳда дошт. Аз соли 1616 узви Шӯрои махфӣ, аз соли 1617 муҳрдори шоҳ ва аз соли 1618 лорд-канслери Англия. Тавассути ҳар ду палатаи Парламент барои кӯшиши салтанатталабӣ ва ришвагирӣ гунаҳкор дониста шуд ва соли 1621 маҷбуран ба истеъфо рафт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар миёнаи солҳои 1570 аввалин рисолаи фалсафии худро таҳти унвони «Бузургтарин тақозои замон» навишта, дар он ғояи ислоҳи тамоми донишҳои инсониро пешниҳод ва мафҳуми нави методи дониши (маърифати) индуктивиро тадвин намуд. Соли 1597 аввалин китоби ӯ «Таҷрибаҳо ва танбеҳоти ахлоқию сиёсӣ» чоп шуд, ки минбаъд онро то соли 1625 такмил намуд. Соли 1605 асари фалсафии худро бо номи «Дар бораи вазъ ва таҷдиди дониш» ва дар соли 1609 асари дигараш — «Дар бораи хиради аҳди қадим»-ро таълиф намуда, ба тарзи тамсилӣ асотири даврони атиқаро, ки ба ҳадафҳои фалсафиаш мувофиқат дошт, баён намуд. Асари асосии фалсафии Бэкон «Органони нав» мебошад, ки дар он таълимот дар бораи метод ҳамчун асоси фалсафа ва ҳама гуна донишҳои илмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Солҳои 1622-23 як қатор асарҳои таърихӣ иншо намуд.
Таълимоти фалсафӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Асоси таълимоти фалсафии Бэкон ҷустуҷӯи роҳҳои азхудкунии асрори офариниши олам ва барқарор намудани ҳокимияти олии инсон дар асоси ба даст овардани улуми таҷрибавӣ мебошад. Ӯ муътақид буд, ки «ҳақиқати маърифат ва ҳақиқати вуҷуд моҳиятан як чизанд», маърифат инъикоси ҳастӣ ба шумор меравад. Бар хилофи таълимоти башардӯстони асрҳои 15-16, Б. таҷдиду барқарорсозии илмро на ҳамчун эҳёи одии таълимоти аҳди қадими юнониёну румиён медонист, балки таҷдиди назар кардан ба ҳамаи соҳаҳои илмро «дар асоси таҷриба» ва «азнавсозӣ»-и онҳо таъкид мекард. Ӯ таснифоти дар давраи худ нави илмҳоро дар асоси се қобилияти инсон — хотира (таърих), тахайюлот (фантазия) ва ақл (фалсафа) пешниҳод намуд. Таълимоти Бэкон дар бораи усули индуктивӣ ҳамчун воситаи дарки сабабҳои ботинии («шакл») ашё ва падидаҳо таъсири муассире ба инкишофи илмҳои табиатшиносии Давраи нав расонд.
Қисми таркибии таълимоти ӯ дар бораи усул таснифот аш дар бораи табақабандии гумроҳӣ («санамҳо» ва ё «шабаҳҳо») мебошад, ки ба фаро гирифтани ҳақиқати илмӣ халал мерасонанд. Чаҳор навъи шабаҳ — шабаҳҳои навъӣ (ки аз табиати худи инсон бармеояд); шабаҳҳои ғорҳо (гумроҳӣ ва мавҳумоти ашхоси ҷудогона); шабаҳҳои бозор (иштибоҳи вобаста ба нодуруст истифода намудани истилоҳу мафҳумҳо) ва шабаҳҳои театр (саргумӣ, ки дар натиҷаи таҳқиқи ғайриинтиқодии таълимоти фалсафии бузургон рӯй медиҳад) мавҷуданд.
Дар мероси фалсафии Бэкон асари нотамоми ормонӣ (хаёлӣ)-и «Атлантидаи нав» мақоми махсус дорад. Дар он ҷамъияте тасвир шудааст, ки ба василаи фаъолияти гурӯҳи олимон дар «Хонаи Сулаймон» ном мавзеъ вазъи бемислу монанди инкишофи илму техника фароҳам омадааст. Дар асар Бэкон ба қудрати мутлақи иҷтимоии донишҳои илмии таҷрибавӣ бовар дорад ва илм дар ақоиди ормонии Б. ба сони табибе тасвир шудааст, ки ҳамаи ҷароҳатҳо ва ноқисиҳои ҷомеаву инсонро муолиҷа мекунад, ҷомеаро тағйир дода, онро хушбахт карда метавонад. Дар ин кор илм нақши ҳалкунанда хоҳад бозид.
Ақоиди фалсафии Бэкон таъсири муассире барои барқарор шудани тамоюли материалистӣ дар фалсафаи Ғарби Давраи Нав расондааст. Таснифоти илмии ӯ баъдтар бар мабнои «Энсиклопедия»-и Д. Дидро ва Д. Аламбер (асри 18) қарор гирифт ва то солҳои 30 садаи XIX аҳаммияти илмии худро ҳифз кард.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- История правления короля Генриха VII. М., 1990.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Lea K. M., Urbach P. M., Quinton A. M., Quinton B., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит) — Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Педагоги и психологи мира (рус.) — 2012.
- ↑ 4.0 4.1 http://www.britannica.com/EBchecked/topic/48126/Francis-Bacon-Viscount-Saint-Alban
- ↑ 5.0 5.1 https://cs.isabart.org/person/85284
- ↑ 6.00 6.01 6.02 6.03 6.04 6.05 6.06 6.07 6.08 6.09 Чешская национальная авторитетная база данных
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Соколов В. В. Очерки философии эпохи Возрождения. М., 1962;
- Асмус В. Ф. Френсис Бэкон//Избранные философские труды. Т. 1. М., 1969;
- Субботин А. Л. Ф. Бэкон. М., 1974;
- Михаленко Ю. П. Бэкон и его учение. М., 1975.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бэкон Фрэнсис / М. Ҳазратқулов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 22 январ
- Зодагони соли 1561
- Зодагони Лондони Бузург
- Зодагони Лондон
- Даргузаштагони 19 апрел
- Даргузаштагони соли 1626
- Даргузаштагони Британияи Кабир
- Даргузаштагони Лондон
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Британиёи Кабир
- Олимони асри XVI
- Олимони асри XVII