Фундуқ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фундуқ
Общий вид растения
Общий вид растения
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Corylus avellana (L.) H.Karst., 1881
Мутародифот
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Фундуқ, (форсӣ: ‎) финдиқ, финдуқ, бундуқ, ритта, ҷавзаи ҷангалӣ, қурси ҷангалӣ (Corylus avellana) як навъи буттаи мевадорест (аз оилаи фундиқиҳо), донаи гирдаи майдаест аз ҷинси ҷавз, ки пӯчоқаш сахти сурхтоб буда, мағзашро мехӯранд. Дарахти фундуқ 3-9 метр қад мекашад. Дар ҷангалзори паҳнбарг ва бешаи омехта месабзад. Чунин меҳисобанд, ки фундуқи худрӯй дар Тоҷикистон барҳам хӯрдааст. Солҳои 1977-78 фундуқи худрӯйро дар ду маҳалли ҳавзаи дарёи Ёс (соҳили рости Кофарниҳон) — наздики деҳаи Ёс (1350 метр аз сатҳи баҳр) ва соҳили рости дарёи Ёс (байни деҳаи Ёси Поён ва Ёси Боло; 1440 метр аз сатҳи баҳр) дарёфт намуданд. Дар ин ҷойҳо фундуқ асосан бо ирғай, дӯлона, бодом, татум, фарқ, олуча ва ғайраҳо ҳамроҳ месабзад.

Фундуқ буттаи сояпарвард аст, дар ҷои кушод нашъунамо намекунад. Онро аз тухм, қаламча, бехҷаст ва фарғун зиёд мекунанд. Баъди 4-5 сол ба ҳосил медарояд. Фундуқи мазрӯъ то 150—180 сол умр мебинад.

Фундуқ аз қадим маъмул аст. Онро ба монанди челон, чормағз, бодом ва ғайраҳо фаровон парвариш мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи GRIN ворид нашудааст

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]