Jump to content

Хаббозии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хаббозии Нишопурӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 953
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Хаббозии Нишопурӣ (форсӣ: خبازی نیشابوری‎; ? — 953) — донишманд ва шоири форс-тоҷики даврони Сомониён, муосири Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ ва Рӯдакӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ оид ба Xаббозии Нишопурӣ ишораҳои мухтасаре ба назар мерасанд. Ба қавли Авфӣ Xаббозии Нишопурӣ шоири фозилу ҳунарманд буда, шеърро ниҳоят равону содда месурудааст. Аз «Хаббозӣ» тахаллус карданаш бармеояд, ки бо касби хаббозӣ — нонвоӣ шуғл доштааст. Осори ба дастомадан Xаббозии Нишопурӣ миқдоран хеле кам аст. Ин чор мисраъ намунаест аз шеъри ӯ:

Мебинӣ он ду зулф, ки бодаш ҳамебарад,
Гӯӣ ки ошиқ аст, ки ҳеҷаш қарорнест.
Не-не, ду ҳоҷиби солори лашкар аст,
К-аз дур менамояд, к-имрӯз бор нест.

  • Хаббозии Нишопурӣ / С. Воҳидов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).