Jump to content

Хадамоти пизишкии ҳавоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
'Christoph 1', D-HMUM.
Вертолёти EC145 авиатсияи санитарӣ дар кӯҳҳои Алпи Швейтсария

Хадамоти пизишкии ҳавоӣ (англ. Air medical services), авиатсияи санитарӣ (русӣ: Санитарная авиация) — навъе аз хадамоти пизишкист, ки ба аҳолӣ, хусусан ба сокинони мавзеъҳои дурдаст ёрии фаврӣ (ҷарроҳии фаврӣ, кумаки акушерӣ ва ғайра) мерасонад.

Ҷустуҷӯи осебдидагон, интиқоли таҷҳизоти тиббӣ ва духтурон ба объектҳои муайян низ аз вазифаҳои авиатсияи санитарӣ мебошад. Авиатсияи санитарӣ дар Тоҷикистон аз январи 1937 фаъолият дорад. Сараввал он дар ихтиёри Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Комиссариати халқии тандурустӣ буд. Аз соли 1963 бунгоҳи авиатсияи санитарӣ дар ихтиёри Маркази миллии тиббӣ (собиқ Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии № 3) фаъолият менамояд.