Хазинаи Амударё

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Хазинаи Амударё

File:

Сари тиллои, Хазинаи Амударё

Хазинаи Амударё - коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст (1300 номгӯй), ки дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.Бозёфтҳои нодир ба асрҳои IV то мелод – III мелодӣ мансуб аст.

Таърих[вироиш]

«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст ( 1300 номгӯй) , ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли музейи Британия, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд.

Номи «Хазинаи Амударё» - ро (ки ба бозёфтҳои Шаҳркадаи Тахти сангин мансуб медонанд, муҳақиқи англис О.М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ў, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин аст (1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И.Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои "Маъбади Окс", ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин гаҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён ( маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, "Маъбади Окс" муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт. [1]

«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст. Ҳукумати Тоҷикистон бо Ҳукумати Англия доир ба баргардонидани коллексия гуфтушунид гузаронида истодааст.

Нигористон[вироиш]

Экспонатҳои хазина[вироиш]

(Все нижеперечисленные экспонаты находятся в Британском музее)

Манобеъ[вироиш]

  1. История таджикского народа. Том I. – Душанбе, 1998, с. 277

Пайвандҳои беруна[вироиш]