Тахти Сангин
| Ёдмон | |
Тахти Сангин | |
|---|---|
| | |
| Кишвар | |
| Макон | Вилояти Хатлон |

Тахти Сангин (форсӣ: تختِ سنگین) — бозмондаи шаҳре дар соҳили рости Амударё, поёнтар аз маҳалли ҳамроҳшавии дарёҳои Панҷ ва Вахш, дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ мебошад. Тахти сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва соли 2015 ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст.
Санагузорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Маскани Тахти сангин ба асрҳои IV то мелод — III мелодӣ мансуб аст.
Таърихи «Хазинаи Амударё»
[вироиш | вироиши манбаъ]Маскани Тахти сангин бештар ҳамчун «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин (1300 номгӯй) маълум аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар ноҳияи Қабодиён (собиқ Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинду «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли Осорхонаи миллии Британиё, ки дар ш. Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Номи «Хазинаи Амударё» -ро ба бозёфтҳои маскани Тахти сангин муҳаққиқи инглис О. М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд, дар байни он инчунин молҳои дигар низ бошанд. Бо вуҷуди ҳамин, аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин аст. Коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ таалуқ доранд. Инчунин, мувофиқи тадқиқотҳои таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои «Маъбади Окс» (Окс — номи қадимаи Амударё) аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти эллинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, «Маъбади Окс» муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.[1]
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар Осорхонаи миллии Бритониё ва осорхонаи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.
Ҳафриёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Кофтукови ҳафриёт аз ҷониби бостоншиносони рус И. Р. Пичикян ва Б. А. Литвинский солҳои 1976—1991 гузаронида шудаанд.[2] Аз тарафи ғарбӣ димна бо доманаи қаторкӯҳи Тешиктош пайваст мешавад. Димна аз арк ва иморатҳое, ки аз шимол ба ҷануб ба масофаи 1 км тӯл кашидааст, иборат мебошад. Аркро асосан Маъбади Окс (51 ба 51) фаро гирифтааст.
Шаҳраки “Тахти Сангин” дар масоҳати 8 гектар доман паҳн кардааст. “Тахти Сангин” ном гирифтани онро олимон бо он сабаб мақбул донистаанд, ки, девору раҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Шаҳрак аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғавс иҳота гардидааст. Деворҳои баланди мустаҳками сангӣ аз ду қабат иборат буда, қисми болоӣ 4 метр, қисми поёнӣ 3 метр, ғафсии деворҳо 2,2 метр бо сутуну кунгура ва ҳалқаҳои зерсутуни сангин сохта шудааст.
«Тахти Сангин» бо «Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар ҷаҳон маъруф аст. Он иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагин ( 1300 номгӯй) аст, ки соли 1877 аз ҷониби тоҷирони бухороӣ дар Қабодиён (Тахти Қубод) харидорӣ шудааст. Тоҷирон аз сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда онро харидорӣ намудаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинд «Хазинаи Амударё» -ро фурӯхта даромад мекунанд. Савдогарон дар роҳ аз ҷониби кӯчиёни дашти Пешовар ғорат шуданд. Ба яке аз савдогарон муяссар гардид, ки ба капитани сарҳадӣ Ф. Бартон арз намояд. Бартон бо ду нафар ҳамкораш шабона ба ғоре ворид шуд, ки ғоратгарон молҳои дуздидаро байни ҳам тақсим мекарданд. Дар натиҷаи задухурд ғоратгарон захмӣ шуда, фирор карданд. Онҳо рӯзи дигар хазинаро оварда ба соҳибонаш супурданд. Савдогарҳо ба Бартон барои ин хидматаш як дастпонаи тилоӣ туҳфа мекунанд. Онҳо хазинаро ба тоҷирони шаҳри Равалпинди мефурӯшанд Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони бритониёгӣ харидорӣ шуда, баъд аз чандин сол моли музейи Британия, ки дар шаҳри Лондон воқеъ аст, гардидаанд. Овозаи ёфт шудани хазина ба тамом ҷаҳон паҳн шуд. Ҳама ганҷурхоҳони дунё ба ҷониби Бухорои Шарқӣ - Ҷануби Тоҷикистони имрӯза бо ҳавасу тамаъ менигаристанд. Аз рӯи баъзе иаълумот аз ин ҷо муҷассамаҳои тилоӣ низ ёфтаанд. Чунончи Н. И. Майев сармуҳаррири маҷаллаи “Туркистанский ведемости” ҳанӯз соли 1879 бо тахаллуси Ф. Жуков навиштааст, ки назар ба гуфти сокинони маҳаллӣ аз зери ахлоттудае муҷассами тилоии паланг ва дигар ашёҳои зарринро ёфта, сипас ба ҳиндувони Бадахшон бо нархи қимат фурӯхтаанд.
Номи «Хазинаи Амударё»-ро ба бозёфтҳои шаҳркадаи «Тахти сангин» муҳаққиқи англис О.М. Далтон гузоштааст. Ба пиндошти ӯ, дар давраи баъди харидорӣ намудани моли «Хазинаи Амударё» дар Қабодиён ва то моли музейи Британия гардидани ин бозёфтҳо шояд молҳои дигар низ ёфт шуда бошанд. Аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои тилоӣ ва нуқрагини (1300 номгӯй) коллексияи хазина ба бозёфтҳои Бохтари Шимолӣ тааллуқ доранд.
Бобоҷон Ғафуров дар китоби хеш «Тоҷикон» менависад, ки «истеъдоди санъаткории Бохтариёни қадим, ҳунари ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи «Дафинаи Амударё» ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи аробаи дучархаи ҷангии тилоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тилоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст. А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як ашрофи бохтарист. Ба ақидаи Р. Гиршман дафинаи Амударё як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳтимол дар вақти ҳамлаи қушуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷуқи1 хароб гардида бошад. Ба андешаи Бобоҷон Ғафуров «Дафинаи Амударё» барои омӯзишу тадқиқи ақидаҳои динию хурофотии халқҳои қадими Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Гуфтан мумкин аст, ки дар ин дафина беш аз ҳама анъанаи санъати бохтарҳо ва сакоиҳои кучманчӣ акс ёфтааст. Вале масъалаи тавзеҳи этникӣ ва мадании ин дафина ҳануз масъалаи баҳснок мебошад.
Натиҷаи кофтукови бостоншиноси нишон дод, ки дар шаҳраки “Тахти Сангин” маъбадҳое ёфт шуданд, ки ҳам ба оташкадаи зардуштӣ ва ҳам ба дини буддоӣ ва ҳам ба бисёрхудоӣ (худованди об - Вахшу) тааллуқ доранд. Ин нукта дар китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” хеле рушан ифода ёфтааст. Дар фосилаи тӯлонии Роҳи бузурги абрешим шаҳрҳо қомат меафрохт, баробари тиму тоқҳои тоҷирон ва бозору растаҳои савдогарон боз ибодатхонаву обидаҳои буддоӣ, насронӣ ва зардушти бунёд гардида, таъсири мутақобилаи ин динҳо ба якдигар меафзуд. “Шоҳроҳи абрешим худоён ва паямбарони тариқатҳои гуногуни диниро ба ҳам наздик месохт. Ҳурмузду Аноҳито Зевсу Апполон, Буддою Вишну бо маъбаду муҷассамаҳои муҳташами хеш дар канори ҳам мақом доштанд. Ва дар Бохтару Суғд баробари оташкадаҳои зардуштӣ маъбадҳои худоёни юнонӣ ва буткадаҳои юнонӣ амал мекарданд. Дар санъати ҳайкалтарошӣ ва меъмории аҳди давлати юнониасоси Бохтар муҷассамаи худоёни бохтарӣ пойсуту ва ва сарсутунҳои бо услуби юнонӣ асосёфта нуфуз пайдо мекунад. Бозёфтҳои Вахш дар “Тахти Сангин”, ки ба номи “Хазинаи Ому” машҳур аст, далели бевоситаи таъсири мутақобилаи санъати ориёӣ ва эллинӣ шуда метавонад”
Бешубҳа, дар хазина дар тӯли асрҳои 1V-1 то милод ашёҳои зиёди беназиру қиматбаҳо ҷамъоварӣ шудааст, ки соли 1877 дар натиҷаи боришоти зиёд ва дамидани дарёву шустани хоктеппа шояд об қисми зиёди онҳоро бо худ бурда бошаду андаке дар соҳилҳо гузошта. Чуноне ки маълум аст, миқдори ганҷинаи хазинаро муайян кардан душвор аст. Чӣ миқдор аз он ба дасти мардуми гуногун афтод, ки ба манфиати худ истифода бурданд. Дар ин масъала ба ақидаи Шоҳзамон Раҳмон розӣ шудан мумкин аст. “Ҳамин қадар ҳам, ки аз Хазинаи Амударё ба даст омада дар осорхонаи Британияи Кабир маҳфуз мебошад, шукр гуфтан ба он мардум ва аҳсану офарин хондан кам аст. Агар хазина то англисҳо намерасид, кӣ медонад, аз ганҷур то имрӯз осоре буд ё не? Ҳамин “Хазинаи Амударё” буд, ки Қубодиён ба куллӣ набошад ҳам, як андоза омӯхта шуда, гузаштаи дури таърихию фарҳангиаш равшан гардид”
Мувофиқи тадқиқоти таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои “Маъбади Окс”, ки дар охири асри IV то мелод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахшу) ба вуҷуд омадааст. Дар ин гаНҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи кушониён маҳфузанд. Чунки, “Маъбади Окс” муддати дер, тахминан то асри I мелодӣ вуҷуд дошт.
«Хазинаи Амударё», ё «Ҷавоҳироти Окс» дар музейи Британия ва музеи Виктория ва Алберти Англия маҳфуз аст.[3]
Ин нукта дар мақолаи Дилшод Раҳимӣ “Тасвиру тавсифи об дар асотири Эрони Бостон” хеле рушан ифода ёфтааст. Об дар баробари оташу хоку бод аз унсурҳои асосии ҳаёт ба шумор меравад ва дар офариниши тамоми таркиби олами мавҷудот мавқеи назаррас дорад. Дар асотири Эрони бостон Аредвисура Аноҳита номи олиҳаи обҳо буда, дар “Обоняшт”-и Авесто ситоиш ёфтааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки Аредвисура Аноҳита ҳамеша ба шахсони пешкашоваранда комёбӣ мебахшад. Ҳушанги пешдодӣ ба ӯ сад аспу ҳазор гову даҳ ҳазор гӯсфанд пешкаш овард ва аз Аноҳита талаб кард, ки ӯро бузургтарин шаҳриёри ҳамаи кишварҳо гардонад. Аноҳита ӯро кмёбӣ бахшид. Ҳамин тариқ, ӯ ба Ҷамшед, Фаридун, Гаршоспи Наримон, Ковус Кайхусрав, Тус ва дигарон, ки наздаш пешкашҳо оварда буданд, муродашонро ҳосил намуда, комравоӣ бахшид. Дар тасаввуроти асотирии хоразмиёну бохтариён Вахш (ба юнони Оксус) эзади ҳомии дарёи Ҷайҳун ба шумор мерафт. Олими бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ даР “Осор-ул-боқия”навиштааст, хоразмиён дар рӯзи даҳуми моҳи баҳман иде доранд, ки “Вахшанком” ном дорад ва Вахш номи фариштаест, ки ки ба ҳама обҳо, махсусан ба наҳри Ҷайҳун муваккал аст. Академик Бобоҷон Ғафуров ба сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ такя карда, навиштааст, ки “дар маъхазҳои ҳиндӣ “Вахшу” гуфта, Амударё дар назар дошта шудааст. Дар санги кандакории осорхонаи Калкатта чунин дуоро ҳаккокӣ кардаанд: “Вахш худои яккаву ягона”
Ҳанӯз соли 1928 таҳти роҳбарии Б. П. Денике ва соли 1956 таҳти роҳбарии А. М. Менделштам тадқиқот гузаронда шуд. Аз соли 1976 Игор Пичикян ва Борис Литвинский дар партави “Экспедитсияи бостоншиносии ҷануби Тоҷикистон”-и шуъбаи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографии Тоҷикистони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кофтукови ҳамаҷонибаи маъбад ва ҳудуди атрофи он оғоз ёфт, ки то соли 1991, то парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ давом кард ва дар натиҷа ҳимояву посбонии ин ёдгорӣ барқарор карда шуд. Ҳисобот оид ба кофтуков ба забони русӣ дар се ҷилд дар давоми солҳои 2000-2010-ум ба табъ расид. Таҳти роҳбарии И. Р. Пичикиян дар қисми шимоли шаҳраки “Тахти Сангин” ибодатхонаи ҷомее ёфтанд, ки толораш 12х12м. буда, сақфашро чор сутун нигоҳ медошт. Ҳуҷраҳо васеу барҳаво буда, деворҳо аз санги сафед сохта шудаанд. Аз толору хамгашти даҳлез ва чуқуриҳои алоҳида беш аз 3000 маводу танга ёфт шуд. Масалан, дар ҷилди шамшер, ки аз устухони фил сохта шудааст, расми шер хеле бомаҳорат кашида шудааст, ки пойҳои оҳу доштааст. Сари гов дар қисми поёни ҷилд тасвир ёфтааст. Ҳамчунин тасвирҳои шикори ду сайёди камонкаш, ҷуссаи рубоҳу гусфанду харгӯшон, омодаи ҳуҷум шудани модашер баҳри дифои фарзандонаш ба савораи асп, ки тимсоли Искандари Мақдунист ва дар сар тоскулоҳи душоха дорад, меҳроби сангӣ, муҷассамаи писари найнавоз, ки Атроксос сохтааст, хеле зебо ва ҷолиб буда, ин ҳама ба Худованди Амударё эҳдо шудааст. Баъзе муҷассамаҳои шоҳону саркардаҳои аз гилу гаҷ сохташуда, ҳамчунин дурахши тимсоли Диадемаи тилоӣ аз санъати баланди он замон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамаи ин осори ёфтшуда ба замони бохтарию юнонӣ ва замони Кӯшониён рост омада, аз ҳодисаҳои зиёди сиёсӣ, рушди баланди истеҳсолот ва фарҳанг башорат медиҳад.
“Тахти Сангин” шаҳраки қадимӣ буда, дорои маводи зиёди таърихию бостоншиносист. Он росткунҷа (200х250) буда, алҳол хароб аст ва намунаҳои зиёди тоқчаҳо, девор, таҳсутуну болорҳои сангин гӯё ҳамин ҳозир тарошида шуда бошанд, ҳар куҷо парешон хобидаанд. Ҳазорҳо сол муқаддам одамон бо ақли расову фаросати олӣ барои ҷомеа чӣ осоре аз худ ба ёдгор мондаанд.
Минбаъд ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба кофтукови бостоншиносӣ халал расонд. Соли 1998 то соли 2010 Анжелина Дружинина дар партави Академияи илмҳои Тоҷикистон кофтуков гузаронд ва ҳисоботи пешакиаш дар бюлетени Осорхонаи Михо ба табъ расид. Гурӯҳи бостоншиносони франсузу тоҷик бо роҳбарии Матилдо Гелде аз Маркази миллии илмӣ-тадқиқотии фаронсавӣ соли 2013 хостанд, ки кофтуков гузаронанд. Вале бо сабаби муноқиша ва мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон танҳо соли 2014 як маротиба кофтуков гузаронида шуду халос. Аксари бозёфтҳои маъбад ва ҳудуди назди он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Шоҳзамони Раҳмон муаллифи китоби “Қубодиён сарзамини Тус ва Рашкиқамар” оид ба аҳамияти “Хазинаи Амударё” менигорад, ки он ганҷинаи беамсоли мардумони Бохтар, нақши дастони ҳунармандони ин сарзамин, парвози хаёлу андешаҳои бемонанд аст, ки дар фулузот-тилову нуқра, олоти маъданиву сангӣ ва деворҳо насб шудаанд. Ба ақидаи муаллиф “Хазинаи Амударё” ба мисли “Авесто”, “Шоҳнома”, “Тоҷикон” аҳамият ва қурбу манзалат дорад. Инҳо таърихи куҳанро дақиқ инъикос мекунанд. Дар онҳо пайванди маънавии форситаборони дунё, Руму Юнон, ҳамфикриву ҳамдастӣ бо Ҳинду Чин, илму фарҳанги дигар халқу миллатҳои мутамаддин инъикос шудааст, бозёфт, осори арзишманди тамаддуни ориёӣ, олитарин намунаи миллии бохтарист, ки дар асрҳои 5-3 то милод аз аҷдоди каёниён боқӣ мондааст.
Оид ба мансубияти “Хазинаи Ому” дар байни муаррихону бостоншиносон фикру андешаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Аллома Бобоҷон Ғафуров навиштааст, ки “А. Каннингэм чунин мепиндошт, ки ин хазинаи хусусии кадом як хонаводаи ашрофи бохтарист. Р. Гиршман фарзияе пеш ниҳод, ки “Дафинаи Амударё” як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, ки эҳтимол дар вақти ҳамлаи қӯшуни Искандари Мақдунӣ ва ё Салҷӯқи 1 хароб гардида бошад. Ин фарзияро Р. Бэрнет, ки зимнан санаи дертари анҷоми таҳнишасти дафинаро (асри 11 пеш аз милод) пешниҳод кард, тарафдорӣ намуд. Бояд қайд кард, ки Р. Бэрнет дар санагузории худ, алалхусус, ба фикри В. В. Тарн бобати набудани тило дар Бохтар такя мекунад. Аммо ин ба ҳақиқат рост намеояд, зеро осори конҳои тило дар Бохтар боқист. Баъзе олимони Ғарб исбот мекунанд, ки дар хазина бисёр ашёи аз ҳориҷа оварда мавҷуд аст. Вале ба ақидаи Бобоҷон Ғафуров аксари бозёфтҳо маснуоти бохтарист. “Истеъдоди санъаткории бохтариёни қадим ҳунари заргарии ҳайратафзои онҳо дар бисёр ашёи “Дафинаи Амударё” ба таври барҷаста муҷассам гардидааст. Чунончи аробаи дучархаи ҷангии тилоӣ, ҳайкалчаи нуқрагии одам, сафҳаи тилоие, ки дар рӯи он сурати барҷастаи одам кашида шуда, либос ва аслиҳаҷоти ӯ бо тамоми ҷузъиёташ тасвир ёфтааст, бозубанди тило, ки нугҳои он ба шакли сари буз зиннат дода шудааст, муҷассамаи тилоии гавазн ва бисёр чизҳои дигари моҳирона сохташуда ба гуфтаи боло далолат мекунанд”. Дар ин ҷо ақидаи Р. Гиршманро дар бораи он, ки “Дафинаи Амударё” як қисми хазинаи маъбади машҳури дар Бохтар будаи Анаҳито аст, тасдиқ кардан мумкин аст. Дар байни бозёфтҳо сари аз оҷ сохташудаи Искандари Мақдунӣ низ ёфт шуд, ки далели ба хазинаи маъбади худои об - Вахшу ҳадя шудани он аз тарафи худи Искандар ва ё муқаррабони он аст. Ғайр аз ин ривоятест, ки зани дӯстдоштаи Искандар -Раксана (Рухшона) гуё ба бемории асма гирифтор буд. Табибон ба ӯ як муддат табобат ва зиндагиро дар макони хушобу ҳаво – ҷое, ки ду дарё ба ҳам меомезанду аз оксиген бой аст тавсия доданд. Эҳтимол онҳо ба ин шаҳркада аз дари сулҳу осоиш ворид шуданд. Зеро дар ин ҷо ҳам оташкадаи зардуштӣ ва ҳам маъбади худои об-Вахшу ҷойгир буд. Агар Рухшона Аҳуромаздоро мепарастид, Искандар ба худоёни худ эътиқод дошт. Бинобар ин тибқи анъана ба маъбадгоҳҳо ашёҳои қиматбаҳо аз ҷумла сари аз оҷ сохтаи Искандарро ҳадя карданд.
Чунин муносибати боэҳтиромона ва ҳифзу ҳимоя нисбат ба маъбадгоҳҳоро ҳанӯз Куруши Кабир пеш гирифта буд. Ба қавли муаррихони аҳди қадим Куруши Кабир пеш аз ҳуҷум ба Бобул соли 539 қабл аз милод тарғиботчиёни сиёсати худро ба он ҷо интиқол дода, намояндагони миллату мазҳабҳои азияткашидаро ба империяи Ҳахоманишиён дилгарм месохт. Куруши Кабир, алалхусус нисбат ба миллати Бани Исроил, ки аз замони Бахтуннаср дар асорати давлати Бобул буд, меҳрубонӣ ва инояти зиёде кардааст. Ӯ ашёҳои гаронбаҳо ва зарфиёти тилоиву нуқрагинро, ки ҳангоми хароб намудани маъбади яҳудиён дар Байтулмуқаддас ғорат шуда буд, ба ибодатхонаи яҳудиён бозгардонд. Куруши Кабир маъбадҳои Бобулистон, Ошур ва Эламро таъмир намуда, ба онҳо назру ниёз ва қурбониҳои зиёде нисор месохт, халқиятҳои мухталифро барои баргаштан ба ватани аслиашон рухсат медод. Чуноне ки Пешвои миллат ишора кардаанд дар аҳди қадим ба маъбадҳо эҳтиром қоил буданд ва ба хазинаи онҳо ашёҳои қиматбаҳо эҳдо мекарданд.
Дар ин бобат чандин мисолҳоро аз таърихи пеш ва баъди ислом биорем. Ривоятҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд, пайдоиши чашмаи Замзам ба Исмоилу модараш Ҳоҷара-зани Иброҳим паёмбар иртибот дорад, ки баъдан Каъба-Хонаи Худоро Паёмбар Иброҳим бо писараш Исмоил бино карданд. Бо гузашти садсолаҳо дар Хонаи Каъба бутҳоро ҷой доданд ва онҳоро парастиш карданд. Бути асосӣ Ҳубал буд. Рӯ ба рӯи Ҳаҷару-л-асвад ду бут ба номи Асоф ва Ноила меистод. Торихчаи ин ду бутро чунин мегуфтанд: Марде ба номи Асоф фарзанди Суҳайл ва зане ба исми Ноила духтари Зиъб достони ишқашон боло гирифт. Рӯзе даруни Каъба беихтиёр якдигарро дар оғӯш гирифтанд ва чун он аз роҳи шаҳват буд, ҳамон гоҳ санг шуданд. Мардум ин ду муҷассамаро ба намунаи интиқоми илоҳӣ нигоҳдорӣ карданд. Кам-кам онҳоро парастиш намуданд ва фикри дунболаи онро аз ёд бурданд. Дар ҳақиқат ишқбозии онҳоро дӯст доштанд ва охируламр ҳамонро парастиш карданд! Онҳо бо абзор ва ороишоти тилоӣ муҷаҳҳаз буданд. Чашмаи Замзам низ дар зери қуму рег пинҳон монд. Муаррихон чунин ҳадс мезананд, ки дар нимаи дуюми асри V1 пешвои қабилаи Қурайш Абдулмуталлиб – бобои Паёмбар Муҳаммад (с) пас аз дидани хоб дар назди Каъба се рӯз ба кофтани чоҳи Замзам машғул шуд. Аз он ҷо ду муҷассамаи оҳу ва шамшеру сипарҳои тилоӣ ёфт ва аз зери тобасанге оби чашмаи Замзам намоён шуд. Зимни тақсимот оҳувони тилоиро ба Хонаи Каъба ва ҳиссаи худ - сипару шамшерҳои тилоиро низ ба он бахшид. Тӯли асрҳо Хонаи Худо дар Макка ва Масҷиди Набавӣ дар Мадина чандин маротиба бозсозӣ ва тавсеа ёфт. Охирин тавсеаро Ходими Ҳарамайни Шарифайн малик Салмон ибни Абдулазиз анҷом дод ва тибқи он масоҳати Масҷид–ул–Ҳаром 1,5 миллион метри мураббаъро ташкил кард, ки ғунҷоиши 1,8 миллион намозгузорро дорад. Дар Масҷиди набавӣ низ ҳадди аксар то як миллион нафар намоз мегузоранд. Бояд зикр намоем, ки арзиши ин лоиҳа 80 миллиард риёли саудӣ баробар ба наздики 21 миллиард доллари амрикоӣ буда, бузургтарин лоиҳаи васеъгардонии Ҳарами Макка дар 14 аср аз замони садри Ислом мебошад.
Масалан то имрӯз ҳар сол чодари сиёҳи Хонаи Худоро, ки қимати баланд дорад, иваз мекунанд. Тибқи маълумоти собиқ сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Абдулазиз ибни Муҳаммад Албодӣ, Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар чорчӯби сарпарастии Масҷид-ул-ҳаром ва ободии он 44 сол пеш дар Маккаи мукаррама корхонаи тахассусиеро барои истеҳсоли чодари сиёҳи Каъба бунёд намуда буд, ки ҳар сол онро таҷдид менамоянд. Арзиши он наздик ба 6 миллион доллар аст. Дар корхонаи мазкур беш аз 240 нафар кор мекунад. Ин чодар ҳар сол як маротиба ҳангоми фаризаи ҳаҷ, баъди он, ки ҳоҷиён ба Арафот мебароянд, иваз карда мешавад. Чодари сиёҳ аз матои ҳарири табиӣ ва холиси ранги сиёҳ сохта шуда, сатҳи он 658 метри мураббаъ, баландиаш 14 метр ва дарозиаш 47 метр мебошад. Барои дӯхтани чодари Каъба 670 килограмм абрешими табиӣ ва наздик ба 280 килограмм тиллои холис сарф карда мешавад.
Чуноне ки далоил ва ривоятҳои таърихӣ нишон медиҳанд, инсоният аз офариниш то имрӯз дар тамоми динҳо дар маъобиду масоҷид Офаридгорро мепарастиду беҳтарин ва қиматбаҳотарин ашёву амволи худро мебахшид. Масалан, то имрӯз мусалмонон беҳтарин моли худро аз қабили гову шутуру бузу гусфанд дар Иди Қурбон қурбонӣ мекунанд. Дар ин бобат мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Бинобар ин бо итминон метавон гуфт, “Хазинаи Ому” ҳиссае аз ҳамон дафинаи маъбади Худои об - Вахшу мебошад, ки ба замони бисёрхудоӣ рост меояд.[4]
2500-солагии Тахти Сангин ба рӯзҳои муҳими ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 шомил шуд
[вироиш | вироиши манбаъ]Пешниҳоди Тоҷикистон ба 2500-солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин ба Рӯйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 таҷлил мекунад, ворид шудааст. Ҳамзамон ба ин рӯйхат 1050-солагии олими барҷастаи Шарқ Абурайҳони Берунӣ ворид шуд.[5] 11 ноябри соли 2021 дар иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷӣ, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин гузашт, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳри бостонии Тахти Сангин ва пешниҳоди муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба 1050-умин солгарди зодрӯзи донишманди барҷастаи Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ ба Феҳристи санаҳои муҳим ва хотирмоне, ки ЮНЕСКО дар солҳои 2022-2023 ҷашн мегирад, шомил шуд. Мақсад аз барқарору бозсозӣ ва шомили харитаи ҷаҳонгардӣ кардани ин макони муҳими таърихӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба як макони ҷаҳонгардӣ табдил додани ин осорхонаи таърихист.[6]
Экспонатҳои Хазинаи Амударё
[вироиш | вироиши манбаъ](Коллексияи экспонатҳо дар осорхонаи Бритониё) маҳфузанд.
- Браслет(рус.).
- Золотая голова(рус.).
- Золотой кувшин(рус.).
- Лев-грифон(рус.).
- Золотая пластина(рус.).
- Золотые ножны(рус.).
- Серебряная статуэтка(рус.).
- Серебряная статуэтка(рус.).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ История таджикского народа. Том I. — Душанбе, 1998, с. 277
- ↑ Городище Тахти-Сангин и храм Окса(тоҷ.). www.ancient.ivran.ru. 16 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. (тоҷ.). www.pitfi.tj. 2023-09-15. 8 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. (тоҷ.). www.pitfi.tj. 2023-09-15. 8 Декабри 2025 санҷида шуд.
- ↑ Пешниҳоди 2500-солагии шаҳраки Тахти Сангин ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шуд(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 2021-12-11. 8 июли 2022 санҷида шуд.
- ↑ Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. (тоҷ.). www.pitfi.tj. 2023-09-15. 8 Декабри 2025 санҷида шуд.