Jump to content

Хайриддин Ҳамидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳамидов Хайриддин Норович
Зодгоҳ , ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Хайриддин Норович Ҳамидов  — биологи тоҷик, номзади илмҳои биология. Муовини декан оид ба илм факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамидов Х.Н соли 2002 ба факултети биологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2007 бо муваффақият хатм намуд. Ҳамон сол ҳамчун ассистенти кафедраи биохимия ба кор шурӯъ намуда ба шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳ дохил шудааст. Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Хусусиятҳои асосии мутобиқатии дастгоҳи фотосинтетикӣ дар генотипҳои гуногуни пахта» дифоъ намудааст, ки корҳои илмиаш идома доранд. Ҳамидов Х. Н. солҳои 2010, 2016, 2017, 2018, 2019 дар базаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро хатм намуда, савияи дониши худро баланд бардоштааст. Аъзои Шӯрои олимони факултети биология дар солҳои 2012—2016 , раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет соли (аз 2011 то соли 2015), роҳбари бахши биологияи академияи хурди илмҳои ҶТ, роҳбари Ҷаъмияти илмии донишҷӯён кафедраи биохимия ва сарпарастии курси сеюуми ихтисоси биология ва мовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Дар корҳои илмӣ-методӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар конференсияҳои илмии минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ маводҳои илмиаш чоп шудааст. То ҳол 39 мақола ва фишурдаҳои илмиаш ба ҳамагон маълум аст. Ҳамидов Х. Н. дар навиштану таҳия намудани китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳо барои мактабҳои олӣ низ ширкат меварзад. Дар таҳия ва нашри дастурҳои таълимию методии «Генетикаи ҳайвонот», «Генетика бо асосҳои селексия» ва «Машғулиятҳои амалӣ аз фанни биофизика», ки бо забони тоҷикӣ аз чоп баромадаанд, ҳаммуаллиф мебошад.[1]