Хайруллоҳи Иброҳим
Хайрулло Иброҳимов | |
Таърихи таваллуд | 25 март 1950 |
Зодгоҳ | ноҳияи Рӯдакӣ |
Таърихи даргузашт | 7 май 2020 |
Хайруллоҳи Иброҳим (Хайрулло Иброҳимов; 25 марти 1950[1] — 7 майи 2020) — коргардони радио, ровӣ, рӯзноманигор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи Лоҳутӣ[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди хатми шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебо соли 1976 бо роҳхат ба театри А. Лоҳутӣ рафтааст. Дар намоишномаи «Хонашерони майдонғариб» ҳамроҳи ҳунармандон Фаррух Қосимов ва Ҷомӣ Хоҷаев яке аз нақшҳои асосиро бозида аст. Спектакл ба тариқи мустақим дар радио пахш гардида буд. Пас аз анҷоми намоиш рӯзе саркоргардони радио — Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Ҳалима Насибулина ӯро ба наздаш даъват карда, ба ҳамкорӣ дар шуъбаи адабии радиои Тоҷикистон даъват намуданд. Ҳамин тавр, аз соли 1978 инҷониб ҳамкориашро бо Радиои Тоҷикистон оғоз намуда, ҳикояҳои сершумори адибони классику муоссиро қироат кардааст. Соли 1979 ба пуррагӣ ба радио омада, дар идораи «Гуфтор барои ҷавонон ва бачаҳо» коргардон шуд. Бо мурури замон аз идораи бачагона ба идораи ҷавонӣ, баъдан идораи адабӣ, ки яке аз идораҳои калону сермаҳсули радиои Тоҷикистон маҳсуб мегардад, гузашт. Соли 1989 раиси Кумита Акбар Ҷӯраев ӯро ба вазифаи саркоргардони кулли радиои Тоҷикистон таъйин карданд[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз 20-ум то 26-уми марти соли 2017 | Китобхонаи миллии Тоҷикистон. www.kmt.tj. 13 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Декабри 2017.
- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы, день в истории, прогноз погоды на 25 марта | Новости Таджикистана ASIA-Plus. Бойгонӣ шудааст 10 августи 2014 сол. Проверено 13 Декабри 2017.
- ↑ Хайруллоҳи Иброҳим: Аз «Хонашерони майдонғариб» то «Фарҳанг» » Медиа-холдинг "Чархи Гардун". gazeta.tj. 13 Декабри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Декабри 2017.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Хайруллоҳи Иброҳим "500 - Ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад" (с.а.в.) - 17» (Насиҳат гуш кун ҷоно).
- «Хайруллоҳи Иброҳим - Панди ниёгон 4» (Насиҳат гуш кун ҷоно).