Хар-хари ру (бозӣ)
Зоҳир
Хар-хари ру (бозӣ)
Бачаҳо ба ду даста тақсим шуда, дар ҳар даста якеро сардор интихоб мекарданд. Бозигарони як даста дар фосилаи як метр пайиҳам мисли “хар” чорпо меистоданд. Иштирокчиёни гурӯҳи дигар аз болои онҳо ҷаҳида мегузаштанд. Бозигари охир аз болои ҳамаи бачаҳои дастаи ҳариф парида, ба пушти сардори он даста, ки дар пеш меистод, савор мешуд ва ӯро мепурсид: “чанд ман?”. Сардор ягон шумораи муайянро мегуфт (мас., 10, 20, 30 ман). Он гоҳ бозигарони дастаи дуюм ба пушти бачаҳои гурӯҳи якум савор мешаванд ва сардор то шумораи интихоб кардааш мешуморад. Дар Рашт, Дарвоз, Кӯлоб нимфаъол аст.[1]
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]1. Нурджанов Н. Игры // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.3, Д., 1976.
2. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.2. Д., 2016.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 197